ABNA24 : Ба гузориши пойгоҳи хабарии «Раъй –ул-явм», ин иқдом ба дастури Абдуллатиф оли Шайх, вазири умури исломии Арабистони Саудӣ ва дар пайи хостаи идораи кулли умури исломӣ ва мавъизаву иршод дар Маккаи мукаррама анҷом шудааст.
Имомхатибону воизони барканоршуда ҳозир нашуда буданд зидди гурӯҳи Ихвонулмуслимин суҳбат кунанд.
Имомони ҷумъаву ҷамоат ва воизони барканоршуда аз ду ҳафтаи гузашта то кунун ҳамчунин дар ҳасри хонагӣ ба сар мебаранд.
Абдуллатиф оли Шайх пештар барои ҳамаи воизон дар бораи зарурати баёни таъсироти манфии роҳу равиши Ихвонулмуслимин бахшнома содир карда буд.
Ҳайати Куборулъуламои Арабистони Саудӣ чанде пеши гурӯҳи Ихвонулмуслиминро террористӣ хонд.
342/