ABNA24: Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Инқилоби Исломӣ дар пайи террори донишманди ҳастаӣ шаҳид доктор Муҳсини Фахризода дар паёме изҳор карданд: «ин унсури илмии камназир ҷони азиз ва гаронбаҳоро ба хотири талошҳои илмии бузург ва мондагори худ дар роҳи Худо мабзул дошт ва мақоми волои шаҳодат, подоши илоҳии ӯ аст.»
Эшон аз ҳамаи дастандаркорон хостанд, ки бо ҷиддият ду мавзӯи муҳиммро дар дастури кор қарор диҳанд, нахуст пайгирии ин ҷиноят ва муҷозоти қатъии омилон ва омирони он ва дигар пайгирии талоши илмӣ ва фаннии шаҳид дар ҳамаи бахшҳое, ки вай ба онҳо иштиғол дошт.
Раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ бо табрики шаҳодат ва таслияти фиқдони ин донишманди мумтоз ва барҷастаи ҳастаӣ ва дифоӣ ба хонадони мукаррами ӯ ва ҷомеъаи илмии Эрон ва ҳамкорону шогирдони ӯ дар бахшҳои гӯногӯн, улуви дараҷотро барои шаҳид Муҳсини Фахризода аз Худованд талаб карданд.
Муҳсини Фахризода, раиси Созмони пажӯҳиш ва навоварии вазорати дифои Эрон ва аз донишмандони саршиноси ҳастаии ин кишвар, рӯзи ҷумъа дар иқдоме террористӣ дар минтақаи Дамованди устони Теҳрон ба шаҳодат расид.
342/