13 Апрел 2025 - 22:46
Source: Parstoday
Режими саҳюнистӣ дар меҳвари мавсӯм ба «Мораг» ба дунболи чист?

Артиши режими саҳюнистӣ ҳамзамон бо ташдиди ҳамалоти ҳавоӣ ба Борикаи Ғазза бар доманаи ҳамалоту амалиёти заминии худ дар ин минтақа бавижа дар меҳвари мавсӯм ба «Мораг» афзӯдааст.

Ба гузориши Порс тудей, пойгоҳи хабарӣ - таҳлилии Ал Араби Ал Ҷадид имрӯз (якшанбе) дар гузорише дар бораи ҷадидтарин таҳаррукоти низомии режими саҳюнистӣ дар Борикаи Ғазза овардааст: Аз замони азсаргирии муҷаддади ҷанг алайҳи Борикаи Ғазза дар моҳи марти гузашта, артиши ишғолгари Исроил бо амалиёти низомӣ ба дунболи эҷоди воқеияти майдонии ҷадиде аст ва Бинямин Натаняҳ аз сайтара бар меҳвари «Филоделфия2» ё ҳамон меҳвари мавсӯм ба «Мораг» барои ҷудо кардани шаҳри Хон Юнус аз шаҳри Рафаҳ дар ҷануби борика хабари пас аз меҳвари "Салоҳиддин" дар марзи миёни Борикаи Ғазза ва Миср хабар додааст.

Ин пойгоҳ афзуд: Ба назар мерасад, ки ишғолгарон ба дунболи сайтара бар ин минтақа ҳастанд, ки масоҳати он болиғ бар 12 километр аст то шаҳри Рафаҳ дар марзи Борикаи Ғазза бо хоки Мисрро ба унвон танҳо дарвозаи иртиботӣ ин минтақа бо ҷаҳони хориҷро аз дигар бахшҳои Борикаи Ғазза бавижа шимолу маркази он ҷудо кунанд. Агар ишғолгарон бар меҳвари «Мораг» мусаллат шаванд; мушобеҳи ончӣ дар меҳвари Netzarim рух доду Борикаи Ғаззаро ба ду ним кард; маҷмӯи масоҳати таҳти ишғоли онҳо дар қолаби «минтақаи ҳоил» ба 74 километри мураббаъ аз кулли масоҳати Борикаи Ғазза хоҳад расид, ки 360 километр мураббаъ мебошад.

Аз назари майдонӣ то ин лаҳза даргирӣ ё рӯёрӯии низомии шадиде миёни муқовимати Фаластину артиши режими Исроил рух надодааст ва ба назар мерасад, ки тағйироте дар тактики низомӣ рух дода ва гурдонҳои шаҳид Иззуддин Ал Қисом, шохаи низомии ҷунбиши Ҳамос то ин лаҳза аз даргирӣ дар сояи пешравии тадриҷӣ ва кунди артиши ишғолгари Исроил дар дохили Борикаи Ғазза бавижа манотиқи шарқӣ парҳез мекунад. Ин амр нишондиҳандаи он аст, ки муқовимат ҳамчунон ба мизи музокира барои расидан ба тавофуқ фурсат медиҳад.

Роми Абу Зубайда, таҳлилгари умӯри низомии араб дар ин бора гуфт: Тасмими ишғолгарон барои сайтара бар «Мораг» пас аз яку нимсол аз ҷанг дар ростои роҳбурде аст, ки ҳадафаш бознигарии вазъияти амниятӣ ва сиёсӣ дар Навори Ғазза аст. Яке аз аҳдофи режими Исроил фишор ба муқовимат барои кам кардан тавонаш ва водор кардани он ба додани имтиёзҳои бештаре дар тавофуқи мубодила асирон аст.

Аз сӯи дигар, Аёд Алқаро, дигар таҳлилгари сиёсии араб низ ба пойгоҳи Ал Арабӣ Ал Ҷадид гуфт: Ишғолгарон ба меҳвари «Мораг» ба унвони аҳруми қавии майдонӣ менигаранд ва ин амр аз изҳороти мутааддиди раиси ситод ва вазири ҷанг ва ҳатто шахси Натаняҳу мушаххас мешавад. Ончӣ имрӯз рух медиҳад мушобеҳи он чизе аст, ки дар меҳвари Netzarim рух дод, ки ишғолгарон дар ҷараёни марҳилаи тавофуқ маҷбур ба хурӯҷи комил аз ин меҳвар шуданду ҳадаф аз кантрол бар «Мораг», фишори майдонӣ бар муқовимати Фаластин аст.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha