Идомаи ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Сурия, фаъолияти 19 гурӯҳаки террористӣ дар Сурия, фурӯди болгарди артиши режими Исроил дар Димишқ, озодии теъдоди зиёде аз саркардагони ДИИШ аз зиндонҳои Сурия ва эъзоми ҳайати олирутбаи Англия ба Димишқ гузидае аз охирин таҳаввулоти Сурия аст, ки дар ин гузориш аз шабакаи “Саҳоб” мехонед:
Ҳамалоти ҷангандаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба Димишқу Ҳумси Сурия
Ҷангандаҳои артиши режими саҳюнистӣ душанбешаб дар чанд марҳала, минтақаи Сайида Зайнаб дар Димишқ - пойтахти Сурияро бомбаборон карданд. Манобеи хабарӣ ҳамчунин аз ҳамалоти ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ба шаҳри Ҳумс дар ғарби Сурия хабар доданд. Режими саҳюнистӣ пас аз сарнагунии давлати Башор Асад ба шиддат ҳамалоти худ алайҳи зерсохтҳову марокизи низомии Сурияро афзоиш додааст.
Фурӯди 20 дақиқаии болгарди артиши режими Исроил дар Димишқ
Хабаргузории “Спутник” душанбешаб ба нақл аз як манбаъ дар Сурия эълом кард, як болгарди режими саҳюнистӣ асри душанбе дар наздикии як пойгоҳи низомӣ дар Димишқ фурӯд омада ва пас аз 20 дақиқа ин маҳалро тарк кардааст.
Ал-Ҷулонӣ: Иҷоза нахоҳам дод Сурия пойгоҳе барои ҳамла ба Исроил шавад
Ба гузориши “Алъолам”, афзоиши ҳамалоти Исроил ба Сурия дар ҳолест, ки Алҷулонӣ, саркардаи гурӯҳаки террористии Ҳайати Таҳрири Шом, ки акнун қудратро дар Димишқ ба даст гирифта, рӯзи душанбе дар мусоҳиба бо нашрияи англисии “Таймс” гуфт, иҷоза нахоҳад дод Сурия ба маконе барои ҳамла ба Исроил табдил шавад.
Эъзоми ҳайати олирутбаи Англия ба Димишқ
Дейвид Лами, вазири хориҷаи Англия рӯзи душанбе эълом кард, ки як ҳайати муташаккил аз мақомҳои олирутбаи Лондон барои мулоқот бо давлати муваққати Сурия, ба Димишқ эъзом шудааст.
Вазири хориҷаи Англия рӯзи якшанбе ҳам аз иртиботи дипломатии ин кишвар бо гурӯҳаки террористии Ҳайати Таҳрири Шом дар Сурия хабар дода буд. Дейвид Лами бо эътироф ба ин ки гурӯҳаки Ҳайати Таҳрири Шом дар листи созмонҳои террористӣ аст, гуфт: Мо метавонем ҳамон тавр ки интизор мерафт, бо ин гуруҳ иртиботи дипломатӣ дошта бошем.
Озодии теъдоди зиёде аз саркардагони ДИИШ аз зиндонҳои Сурия
Абдурразоқ Алъакиди, яке аз шуюхи қабоили арабӣ дар Сурия рӯзи душанбе аз озодии саркардагони ДИИШ аз зиндонҳои ин кишвар ва пайвастани онҳо ба гурӯҳакҳои террористӣ дар Сурия хабар дод.
Фаъолияти 19 гурӯҳаки террористии ҷудошуда аз Алқоида дар Сурия
Ади Абдулҳодӣ, яке аз раҳбарони эътилофи Фатҳи Ироқ рӯзи душанбе гуфт, бояд дар хусуси таҳаввулоти Сурия воқеъбин буд. 19 гурӯҳаки террористӣ дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар фаъол ҳастанду умурро ба даст гирифтаанд. Онҳо аз ташкилоти террористии Алқоида ва шохаи он, яъне Ҷабҳаи Аннусра ба вуҷуд омадаанд.