Ба гузориши Порстудей ба нақл аз ИСНА, Ҳусайни Мирзоӣ, узви ҳайати илмии донишгоҳи аллома Таботабоии Эрон дар ёддоште ба баррасии заминаҳои муҳоҷирати маъкус аз сарзаминҳои ишғолӣ пардохта, ки дар инҷо гузидае аз онро мехонед:
Ҳусайни Мирзоӣ, узви ҳайати илмии донишгоҳи аллома Таботабоӣ дар ин замина навишт: Дар ҳаёҳуи ахбори ин рӯзҳо ва рухдодҳое, ки бо суръати боло дар ғарби Осиё дар ҳоли вуқӯъ аст, таваҷҷуҳ ба раванде, ки аз соли гузашта дар сарзаминҳои ишғолӣ оғоз шуда ва то ба имрӯз низ идома дошта, аҳамияти дучандон пайдо мекунад; яҳудиёни Исроил ҳамчунон дар ҳоли хурӯҷ аз Исроил ҳастанд ва омори дақиқи онҳо ҳаргиз мунташир намешавад. Оё далели он, сирфан вокуниш ба куштори бесобиқаи режими Исроил дар ин як сол аст ё коҳиши амният онҳо буда?
Тақрибан ҳафтае нест, ки бар теъдоди қонунҳо ва бахшномаҳое, ки режими саҳюнистӣ алайҳи фаластиниён тасвиб мекунад, афзуда нашавад. Монанди тамоми режимҳои апартайдӣ қоъидаҳои ҷудогона барои фаластиниҳо ва исроилиҳо ба таври расмӣ тадвин шудааст аммо аз ин пас, яъне пас аз куштори ваҳшиёна дар Ғазза ва бедории беш аз пеши ҷаҳониён дар мухолифат бо ин наслкушӣ, ин қавонин яҳудиёни исроилиро низ дарбар хоҳад гирифт.
Акнун дар сарзаминҳои ишғолӣ ин имкон вуҷуд дорад исроилиҳое, ки бо наслкушӣ ва набард сари созиш надошта бошанд, хиёнаткор арзёбӣ шаванд. Дар ин росто асҳоби расона, коргардонони синамо, мудирони созмонҳои ғайридавлатӣ ва муборизони сулҳталаб дар нӯги ин пайкон қарор доранд. Аз тобистони гузашта то имрӯз чанд филм аз пардаи синамоҳои сарзаминҳои ишғолӣ ба баҳонаи заъиф кардани давлат поин кашида шудааст; масалан дар меҳрмоҳи 1403(ноябр-декабри 2024) филми «Лед»-сохтаи Роми Юнус, рӯзноманигори фаластинӣ ва шаҳрванди Исроил ва Соро Имо Фриидилоанд, мустанадсози амрикоӣ ҳамчунин филми «1948 - ба хотир овар, ба ёд овар» ба коргардонии Нато Шӯшонӣ, синмогари исроилӣ ё дар тобистони имсол филми «Ҷинин Ҷинин 2» сохтаи Муҳаммад Бакрӣ, ҳунарпеша ва синмогари фаластинии шаҳрванди Исроил. Аммо фузунии чунин иқдомоте дар давра кӯтоҳ нишонаи тағйироти ошкор аст: афзоиши сензура дар ҳавзаи умумие, ки дар он тамоюл ба «давлати қавӣ» ва мустабид ҳамчунон рӯ ба фузунӣ аст.
16 меҳрмоҳи 1403(6 декабри 2024) Маҷлиси режими саҳюнистӣ қонунеро тасвиб кард, ки ба воситаи он «ихроҷи террорист» бо ихроҷи наздикони ӯ, падар ва модар, фарзандон, бародарон ё хоҳарони тавъамон аст. Нуктаи қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки ин иқдом фақат мутаваҷҷеҳи шаҳрвандони исроилӣ аст, чаро, ки то кунун Исроил ҳаргиз барои ихроҷи фаластинён аз сарзаминашон ниёзе ба қонун надоштааст. Ин қонун баъд аз ин шомили ҳар кунише аст, ки нисбат ба Исроил ва сиёсати он, «таҳоҷумӣ» арзёбӣ шавад. Ҳадафи ин қонун шиносоии «яҳудиёни хоин» аст. Намунаи дигар онки дар меҳри 1403 тарҳе ба тасвиб расид, ки бар асоси он метавон ҳар муаллимеро, ки нисбат ба як созмони террористӣ «ҳамдардӣ» нишон дода, аз маҳалли хидмати худ ихроҷ кард. Нек медонем, ки дар сарзаминҳои ишғолӣ ҳар гуна ҳимоят аз ормони Фаластин, амри «террористӣ» шумурда мешавад. Масалан муаллимони таърих набояд аз ихроҷи фаластиниён дар соли 1948 сӯҳбат кунанд ва бояд ин ривоятро тадрис кунанд, ки Исроил ҳеҷ арабиро ихроҷ накарда ва онон ҳама ба майли худ аз ин сарзамин рафтаанд. Ё қонуни дигар аз ин намуна, ки дар ҳоли баррасӣ аст, пешбинӣ карда ҳар кас парчам ё намоди Фаластинро дар як муассисаи давлатӣ намоиш диҳад, ба пардохти ҷаримаи сангини нақдӣ ва як сол зиндон маҳкум хоҳад шуд. Ҳадафи ин тарҳ ба таври мушаххас донишҷуён ҳастанд. Ҳамчунин фишор бар рӯзномаи Гааретс, ки маркази аслии интиқод алайҳи сиёсатҳои Натанёҳу дар ҷомеаи исроилӣ аст, намоде аз талош барои радди ҳаққи озодии баён аст. Дар соли гузашта ба ҳама идораҳои давлатӣ ва ҳама созмонҳои таҳти ҳимояти давлати Исроил дастур дода шуд аз додани огаҳии таблиғот ба ин рӯзнома худдорӣ карда ва ба он обуна нашаванд. Онҳо ин иқдомро инчунин тавҷеҳ(асоснок) карданд, ки бисёре аз навиштаҳои ин рӯзнома ба ҳаққонияти(! ) давлати Исроил осеб задааст.
Молики Гааретс , «Омус Шавкин» муттаҳам шуд аз терроризм ҳимоят мекунад. Дар воқеъ ӯ чанд рӯз қабл аз ин тасмим дар ҷараёни як суханронӣ дар Лондон бо ҳузури яҳудиён ба «режими апартайди таҳмилӣ ба фаластиниён» интиқоди сарсахтона кард ва размандагони фаластиниро, ки Исроил онҳоро террорист меномад, муборизони озодихоҳ номид. Албатта ӯ андаке баъд ҳарфҳояшро рад кард.
Дар ҳамин айём Ёрию Лиуин, вазири додгустари(адлия)и режими саҳюнистӣ дар пайи тасвиби қонуне дар маҷлиси ин режим аст, то бар пояи он ҳар исроилие, ки даъват ба мунзависозии(дар танҳоӣ қарор додани) созмондеҳишудаи давлат ё сардамдорони он кунад, бидуни истисно ба 10 сол зиндон дар шароити оддӣ ва 20 сол дар замони ҷанг маҳкум шавад.
Агар ин рӯзҳо ҳамчунон шаҳрвандони саҳюнист ба таври физояндае дар ҳоли тарки сарзаминҳои ишғолӣ ҳастанд, сирфан ба хотири набуди амният ё ҷиноятҳои васеъ дар сарзаминҳои ишғолӣ нест, балки зоҳиран бештар ба иллати эҳсоси фурупошии фаврии «демокросӣ» дар бархе ҳавзаҳо ва эҷоди навъе «апартайди расмӣ» аст. Албатта бояд таваҷҷуҳ дошт, ки набуди амният асосан шаҳракнишинонро таҳдид мекунад ва онҳо ҷузви табақаҳои поин ҳастанд ва чандон имкони муҳоҷират надоранд.
Исроил муддатҳои тулонӣ буд,ки худро ба унвони танҳо демокросии ғарби Осиё таблиғ ва ба шиддат ҳам аз он дифоъ мекард. Имрӯз дурӯғ будани ин таблиғ барои сокинони сарзаминҳои ишғолӣ ошкор шуда ва апартеиди расмӣ рӯз ба рӯз дар ҳоли густариш аст. Барои бисёре аз яҳудиён мондан дар чунин сарзамине, ки бо кулли умеду орзу ба он раҳсипор шуда буданд, ранҷовар шуда ва ин рӯйкард ҳарчи густурдатар шавад , ки мешавад - муҳоҷиратҳо ба берун афзоиш хоҳад ёфт. Ин таҳдиде аст, ки ба зудӣ ҷомеаи Исроили ифротишударо аз дарун ба буҳрон хоҳад кашид.