5 Декабр 2024 - 15:43
Ҳамлаи амрикоиҳо ба артиши Сурия, куштори ғайринизомиён дар Ғазза ва таниш дар Кореяи Ҷанубӣ

Ҳамлаи амрикоиҳо ба артиши Сурия, идомаи куштори ғайринизомиён дар Ғазза ва таниш дар Кореяи Ҷанубӣ/ охирин таҳаввулоти ҷаҳон

Порс тудей - Кореяи Ҷанубӣ асри сешанбе шоҳиди эъломи ҳукумати низомӣ ва сипас лағви он аз суи порлумони ин кишвар буд; рўидоре, ки мунҷар ба оғози фароянди истизоҳи раисиҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ шуд.

Ба хоку хун кашида шудани ғайринизомиён дар Ғазза, баргузории Конфронси ташкили кишвари Фаластин ба раёсати Фаронса ва Арабистон, ҳамлаи ишғолгарони амрикоӣ ба артиши Сурия, ҳушдори Русия дар бораи рӯйкарди низомии НАТО дар Қутби шимол, вуруди неру ва таҷҳизоти кумакии пуршумори артиши Сурия ба Ҳамо ва эъломи ҳукумати низомӣ дар Кореяи Ҷанубӣ гузидае аз охирин таҳаввулоти ҷаҳон аст, ки дар ин гузориш аз Порс тудей мехонед.

Ба хоку хун кашида шудани ғайринизомиён дар Ғазза

Ба гузориши ИРНА, Ҳисом Абу Сафия мудири бемористони Камол Адвон эълом кард, ки рӯзи сешанбе барои панҷумин бор, режими ишғолгар ба таври ваҳшиёна ва бераҳмона ба ин бемористон ҳамла кардааст. Дар ин ҳамла дастиками се нафар аз кадри пизишкии ин бемористон маҷрӯҳ шуданд, ки ҳоли яке аз онҳо вахим аст.

Бомбаборони манотиқи маскӯнӣ дар урдӯгоҳи оворагон дар шимоли Ғазза низ боиси шаҳодати дастикам 16 ғайринизомӣ шуд.

Дар ҳамин ҳол бар асари ҳамлаи Исроил ба мадрисаи Ал Фалоҳ дар шарқи Ғазза 6 фаластинӣ ба шаҳодат расиданду чандин нафар низ захмӣ шуданд.

Созмони милал: Ғазза дорои болотарин саронаи теъдоди кӯдакони қатъи узв дар ҷаҳон аст

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Филипп Лазарини (Philippe Lazzarini), раиси Ожонси имдодрасонӣ ва корёбии Созмони милал барои оворагони фаластинӣ дирӯз сешанбе дар шабакаи “Х” эълом кард: Ғазза нисбат ба ҷамъияти он, болотарин омори кӯдакони қатъи узвро дар ҷаҳон дорад.

Вай иброз дошт, дар ҳар панҷ хонавода дар Ғазза ҳаддиақал як маълул вуҷӯд дораду тақрибан ниме аз ин хонаводаҳо як фарзанди маълул доранд.

Баргузории Конфронси ташкили кишвари Фаластин ба раёсати Фаронса ва Арабистон

Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса, ки барои ширкат дар иҷлоси ҷаҳонии об ба Арабистон сафар кардааст дар изҳороте аз мушорикати Порису Риёз барои мизбонии Конфронси ташкили кишвари Фаластин хабар дод.

Макрон бо ишора ба инки ин конфронс дар июни соли оянда ( 2025 ) баргузор хоҳад шуд, муддаӣ шуд, ибтикороти дипломатӣ барои таҳаққуқи ба расмияти шинохта шудани кишвари мустақили Фаластин аз аҳамияти зиёде бархӯрдор аст. Қасди Арабистону Фаронса барои баргузории ин конфронс дар ҳоле аст, ки ин ду кишвар ҳечгуна фишоре ба режими саҳюнистӣ барои таваққуфи ҳамлоташ ба Борикаи Ғазза намеоваранд.

Вуруди неруҳо ва таҷҳизоти кумакии пуршумори артиши Сурия ба Ҳамо

Вазорати дифои Сурия рӯзи сешанбе эълом кард, неруҳо ва таҷҳизоти кумакии бисёре барои тақвияти неруҳои ҳозир дар хутути мақдаму муқобила бо ҳаргуна ҳамлаи эҳтимолӣ аз сӯи гурӯҳакҳои террористӣ ба шаҳри ҳамо расидааст.

Гуруҳҳои террористӣ аз чаҳоршанбеи гузашта бо ҳимояти бархе аз кишварҳо ва вуруди неруҳои тозанафаси хориҷӣ, пас аз оташбас миёни Лубнону Исроил, иқдом ба ҳамлаи густарда ба мардуму мавозеъи артиши Сурия дар манотиқи шимолӣ ва ғарбии ин кишвар карданд.

Ҳамлаи ишғолгарони амрикоӣ ба артиши Сурия

Ба гузориши Тобнок генерал Патрик Райдер, сухангуи вазорати дифои Амрико эълом кард, рӯзи сешанбе дар шарқи Сурия, ҳавопаймоҳои амрикоӣ шуморе аз таҷҳизоти низомии Сурия, аз ҷумла тубсавор бар мошин (мошини ракетандоз) ва як танкро мунҳадим карданд. Ҳамлаи Амрико ба артиши Сурия ва неруҳои мардумии ин кишвар дар ҳоле анҷом мешавад, ки террористҳо акнӯн дар Ҳалаб, Идлиб ва манотиқе дар шимоли ғарбии Сурия дар ҳоли ҳамла ба мардум, зерсохтҳо ва мавозеъи артиши ин кишвар ҳастанд.

Маскав: рӯйкарди низомии НАТО дар Қутби шимол ба таҳдидоти хатарноке мунҷар мешавад

Николай Корчунов, сафири Русия дар Норвегия бо ишора ба ифтитоҳи маркази омӯзишии ҳамлаи обии хокии НАТО дар ин кишвар тасреҳ кард: рӯйкарди низомии НАТО дар Қутби шимол ба таҳдидоти хатарноке мунҷар мешавад.

Дар баёнияи содира аз суи сафири Русия дар Норвегия дар ин хусус омадааст: Хати машии ин эътилоф дар заминаи тақвияти фаъолияти низомӣ дар Қутби шимол мамлув аз таҳдидоти хатарнок ва ташдиди танишҳо аст.

НАТО дар буҳбуҳаи танишҳо бо Маскав як маркази ҷанги обӣ - хокӣ дар шимоли Норвегия ва дар наздикии Қутби шимоли Русия роҳандозӣ кардааст.

Порлумони Кореяи Ҷанубӣ ба лағви ҳукумати низомӣ раъй дод; артиш аз порлумон ақиб нишаст; оғози баррасии истизоҳи раисиҷумҳур

Кореяи Ҷанубӣ асри сешанбе шоҳиди эъломи ҳукумати низомӣ ва сипас лағви он аз суи порлумони ин кишвар буд; рўидоде, ки мунҷар ба оғози фароянди истизоҳи раисиҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ шуд.

Ба гузориши ИРНА, раисиҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ, асри сешанбе дар як суханронии зиндаи телевизионӣ дар ин ғӯли иқтисодии шарқи Осияё ҳукумати низомии изтирорӣ эълом кард. Дар пайи ин иқдом артиши вурӯдии порлумонро масдӯду фаъолияти ниҳоди қонунгузорӣ ва аҳзобро мамнӯъ кард. Ба дунболи ин иқдоми раисҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ, намояндагони Маҷлиси миллии ин кишвар дар ҷаласае изтирорӣ, ки пас аз судӯри дастури ҳукумати низомӣ тавассути Юн Сок Ёл, раисиҷумҳур баргузор шуд, ба лағви ҳукумати низомӣ раъй доданд. Раъйе, ки боис шуд артиш аз порлумон ақиб биншинад. Порлумони Кореяи Ҷанубӣ низ пас аз лағви ҳукумати низомӣ ба суръат истизоҳи раисиҷумҳурро шурӯ кард.