1 Декабр 2024 - 18:57
Башор Асад: Сурия бо ҳампаймонони худ гурӯҳҳои террористиро саркуб мекунад/охирин таҳаввулоти дипломатӣ

Раисиҷумҳури Сурия шанбешаб дар гуфтугуи телефонӣ бо Муҳаммад бин Зоид Ол Наҳён, раиси Иморот бар идомаи дифои Сурия аз саботу тамомияти арзии худ дар муқобили гуруҳҳои террористӣ ва ҳомиёни онҳо таъкид кард.

Таъкиди Иттиҳодияи Араб бар зарурати ҳифзи тамомияти арзии Сурия, гуфтугуи телефонии раисиҷумҳури Сурия бо раиси Имороту нахуствазири Ироқ ва сафари вазири хориҷаи Эрон ба Сурия, гузидае аз охирин таҳаввулоти дипломатии Сурия аст, ки дар ин бастаи хабарии Порс тудей мехонед:

Иттиҳодияи Араб: Ҳаводиси Сурия ба дунболи эҷоди ҳарҷу марҷ барои зуҳӯри террористҳост

Иттиҳодияи Араб шанбешаб дар вокуниш ба фаъол шудани муҷаддади гуруҳҳои террористӣ - такфирӣ дар Сурия, дар баёнияе бар зарурати эҳтиром ба ҳокимияту ҳифзи тамомияти арзии ин кишвар таъкид кард.

Гуруҳҳои террористӣ аз бомдоди чаҳоршанбе бо ҳимояти бархе аз кишварҳо ва вуруди неруҳои тозанафаси хориҷӣ, иқдом ба ҳамлаи густарда ба мавозеъи артиши Сурия дар манотиқи шимолу шимоли ғарби ин кишвар карданд.

Иттиҳодияи Араб дар ин баёния тасреҳ кард: Ҳаводиси Сурия метавонад, маншаи рухдодҳои мухталифе бошад, ки яке аз онҳо эҷоди ҳарҷу мараҷҳои эҳтимолӣ аст, ки мавриди суиистифодаи гуруҳҳои террористӣ барои аз саргирии фаъолиятҳои худ қарор гирад.

Башор Асад: Сурия бо ҳампаймонони худ гуруҳҳои террористиро саркӯб мекунад

Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия шанбешаб дар тамоси телефонӣ бо раиси Иморот бар идомаи дифои Сурия аз саботу тамомияти арзии худ таъкид кард.

Асад дар ин гуфтугӯи телефонӣ гуфт: Сурия бо кумаки дӯстону ҳампаймонони худ метавонад, гуруҳҳои террористиро ҳар чанд пас аз ҳамалоти шадиди террористӣ, саркӯб кунад.

Раисиҷумҳури Сурия ҳамчунин дирӯз (шанбе) телефонӣ бо нахуствазири Ироқ дар бораи муборизаи муштарак бо терроризм гуфтугӯ гирд.

Муҳаммад Шиёъ Ал Судонӣ, нахуствазири Ироқ дар ин гуфтугӯи телефонӣ бар омодагии кишвараш барои ироаи ҳар гуна пуштибонии лозим аз Сурия барои мубориза бо терроризму тамомии гурӯҳакҳои террористӣ таъкид кард.

Ироқчӣ: Таҳаррукоти террористҳо тарҳи режими саҳюнистӣ ва Амрико барои ноамнсозии минтақаи Ғарби Осиё аст

Исмоили Бақоӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон шанбешаб аз сафарм Саидаббоси Ироқчӣ, вазири хориҷаи Эрон ба чанд кишвар барои ройзанӣ дар мавриди таҳаввулоти минтақа хабар дод.

Ба гуфтаи Бақоӣ, вазири хориҷаи Эрон барои гуфтугӯ бо мақомҳои Сурия рӯзи якшанбе ба Димишқ меравад. Вай аз онҷо ба Анкара сафар хоҳад карду баъд аз ройзанӣ бо мақомҳои Туркия озими мақсади баъдии сафар хоҳад шуд.

Вазири хориҷаи Эрон рӯзи шанбе дар гуфтугуи телефонӣ бо Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия гуфт: Таҳаррукоти ахири гуруҳҳои террористӣ дар хоки Сурия бахше аз тарҳи режими саҳюнистӣ ва Амрико барои ноамнсозии минтақаи Ғарби Осиё аст.

Расонаи ибрӣ: Трамп, Туркия ва Исроил тарроҳони ғоилаи Сурия ҳастанд

Рӯзномаи саҳюнистии “Маарив” ба нақл аз як коршиноси Шӯрои миллии равобити арабии Амрико эълом кард, пушти пардаи ғоилаи Сурия Трамп, Туркия ва Исроил ҳастанд.

Бар асоси эъломи ин коршинос, кори омодасозӣ барои ин таҳоҷум аз чанд моҳ пеш оғоз шуда буд.