30 Ноябр 2024 - 19:34
Таҳримҳои ғайриқонунии ғарбиҳо алайҳи Эрон-монеъе барои дастрасии қурбониёни силоҳҳои кимиёвӣ ба дору

Муовини умури ҳуқуқӣ ва байналмилалии Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон эълом кард: Қурбониёни силоҳҳои кимиёвӣ дар Эрон ҳанӯз аз таҳримҳои ғайриқонунии ғарбиҳо дар заминаи таъмини дору ва таҷҳизоти пизишкӣ ранҷ мебаранд.

Козими Ғарибободӣ дар бистунуҳумин нишасти солонаи конфронси давлатҳои узви Конвенсиун манъи силоҳҳои кимиёвӣ дар Гаагаи Нидерландия, бо баёни матлаби боло аз Созмони манъи силоҳҳои кимиёвӣ хост барои ҳимоят аз ин қурбониён талошҳои ҷиддӣ ва муассиреро ба амал оварад. Ғарибободӣ дар ин нишаст тасреҳ кард: Бархе кишварҳо бавежа Олмон ва Амрико ба унвони таъминкунандагони аслии маводи кимиёвӣ ба режими БААС-и Ироқ дар ҷиноёти кимиёвӣ зидди мардуми Эрон шарики ҷурм ҳастанд ва бояд ба хотири иқдомоти ғайриқонуниашон дар сатҳи байналмилалӣ посухгӯ ва нисбат ба ҷуброни хисорати қурбониёни химиёвии Эрон иқдом кунанд.

 Бар асоси эъломи муовини умури ҳуқуқӣ ва байналмилалии Вазорати хориҷаи Эрон, Амрико таърихчае аз пойбанд набудан ба конвенсионҳои байналмилалиро дорад ва бо поймолсозии пайдарпаи ин конвенсионҳо дар замони таҳоҷуми Амрико ба Ироқ низ ҷавоби қонеъкунандае ба ҷомеаи байналмилалӣ надодааст.

 Ғарибободӣ дар идома ба истифодаи режими Исроил аз таслиҳоти кимиёвӣ ва дигар маводи хатарнок, аз ҷумла фосфори сафед ва урани заифшуда, алайҳи мардуми бедифоъи Фаластин ва Лубнон ишора кард ва гуфт: Зарродхонаи силоҳҳои куштори ҷамъии режими Исроил шомили силоҳи кимиёвӣ, таҳдиди ҷиддӣ барои сулҳу амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ аст; Аз инру иҷрои ҷаҳоншумули конвенсион ва фишори ҷомеаи байналмилалӣ ба режими саҳюнистӣ ҷиҳати пайвастан ба ин конвенсион ва қарор додани тамоми таъсисоти кимиёвии худ таҳти назорати Созмони манъи силоҳҳои кимиёвӣ зарурӣ аст.

 Муовини умури ҳуқуқӣ ва байналмилалии Вазорати хориҷаи Эрон бо баёни инки режими саҳюнистӣ бо ҳимояти беқайду шарти бархе кишварҳои ғарбӣ ба вежа Амрико, ба ҷиноёти худ дар Фаластин ва Лубнон ҳамчунон идома дода ва муттассифона аз дахлнопазирӣ бархурдор аст, афзуд: Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид бояд барои эҷоди таҳримҳои муассир алайҳи режими саҳюнистӣ мутобиқи фасли ҳафтуми маншури Созмони Милал иқдом кунад ва тамоми давлатҳо ҳам аз ҳар гуна ҳамкории иқтисодӣ, низомӣ ва таслиҳотӣ бо ин режим худдорӣ кунанд.

342/