Ин масъала бо вокунишҳои интиқодӣ, ҳатто дар кишварҳои аврупоии узви НАТО мувоҷеҳ шудааст.
Интиқоди ин мақоми аршади аврупоӣ бо тавваҷуҳ ба гомҳои барқасдонаи Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико барои даргир сохтани ҳар чӣ бештари Иёлоти Муттаҳида дар ҷанги Украина ва дар натиҷаи қарор додани Доналд Трамп, раисиҷумҳури мунтахаби ин кишвар, ки аз 20 январи 2025 раёсати президентиро ӯҳдадор мешавад, дар муқобили амали анҷомшуда, сурат гирифтааст.
Бо тавваҷуҳ ба ин ки Русия пеш аз ин ба ғарбиҳо дар бораи ироаи муҷаввизи кишварҳои ғарбӣ ба Украина, барои ҳамла ба хоки Русия, бо истифода аз таслеҳоти дурбурди ғарбӣ ҳушдор дода буд, аз ин рӯ Русия иқдомоти мутафовитеро барои ҳушдори ҷиддӣ ба Ғарб ва НАТО сурат додааст.
Дар гоми нахуст, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия докторинаи ҷадиди ҳастаии ин кишварро имзо кард, ки ба таври расмӣ остонаи истифода аз силоҳи ҳастаиро коҳиш медиҳад. Ин докторина ба Русия иҷоза медиҳад ҳатто дар посух ба ҳамалоти матаориф аз сӯи кишваре, ки аз ҳимояти як қудрати ҳастаӣ бархӯрдор аст, ба ҳамлаи ҳастаӣ рӯй овард. Путин пештар ҳушдор дода буд, ки истифодаи Украина аз таслеҳоти дурбурди ғарбӣ барои ҳамла ба хоки Русия, ба маънои даргирии мустақими Русия ва НАТО хоҳад буд.
Русия дар гоми дувуми худ барои ихтор ба Ғарбу НАТО дар иқдоме бесобиқа, барои нахустин бор аз як мушаки боллистики миёнбурди фаросавти ҷадиди “Орешник”, муҷаҳҳаз ба кулоҳаки матаорифе барои ҳамла ба хоки Украина истифода кард.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия эълом кард, ки неруҳои мусаллаҳи Русия дар посух ба ҳамла бо истифода аз мушакҳои дурбурди амрикоиву бритониёӣ ба хоки Русия, ҳамлае таркибӣ ба як маркази дифоӣ - санъатии Украина анҷом додаанд.
Истифодаи Русия аз як мушаки боллистики фаросавти ҷадид барои ҳамла ба Украина ихторе ҷиддӣ ба кишварҳои ғарбӣ, ба хусус аъзои аврупоии НАТО аст, ки дар сурати идомаи иқдомоти таҳрикомезу ҷангафрӯзона алайҳи Русия, бояд мунтазири фурӯд омадани ин мушакҳо дар кишварҳои худ бошанд.
342/