Як зани эронӣ ба унвони намояндаи Эрон дар мусобиқаи стартапҳои занони БРИКС, дар феҳристи ниҳоии номзадҳо қарор гирифт ва барандаи мусобиқот шуд.
Ба гузориши “Порс Тудей”, мусобиқаи стартапҳои занони БРИКС аз 3 июн то 18 октябри соли 2024 дар Русия баргузор шуд.
Ҳадаф аз ин мусобиқа, барҷастасозӣ ва ҳимоят аз стартапҳои таҳти раҳбарии занон дар кишварҳои узви БРИКС эълом шудааст.
Мусобиқаи стартапҳои занони БРИКС ба яке аз рӯйдодҳои калидии эътилофи занони касбу кори БРИКС дар соли 2024 табдил шуда ва беш аз 1000 дархост аз 30 кишвар, аз ҷумла Бразилия, Чин, Миср, Эфиопия, Ҳинд, Эрон, Русия, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Туркия дарёфт кардааст.
Афрӯзи Бовафои Биҷандӣ, намояндаи Эрон дар мусобиқаи стартапҳои занони БРИКС, мудири ширкати донишбунёни Ҳунарҳои халлоқи расонаии Сур аст, ки пружаи ӯ дар феҳристи ниҳоии номзадҳо қарор гирифт.
Ин ширкат дар ду ҳавзаи сохти анимейшени синамоӣ ва тавлидоти клипҳои кӯтоҳ барои пахш дар фазои маҷозӣ фаъолият мекунад.
Дар миёни дархостҳои барандагон, пружаҳои навоваронае барои автоматисозии фарояндҳо дар бахши энержӣ ва таъсисоти зербиноӣ, роботисозӣ, фанновариҳои ҳуши маснуӣ дар пизишкӣ, омӯзиш, кишоварзӣ, тавлид ва баҳрабардорӣ аз таҷҳизоти ҳавоӣ ва ҳамчунин равишҳое барои мубориза бо саратону ноборварӣ ва ғайра вуҷуд дошт ва дар маҷмуъ 26 баранда аз 14 кишвар тавассути аъзои ҳайати доварони байналмилалӣ таъйин шуданд, ки номи Эрон низ дар миёни онон дида мешавад.
342/