Амру Мӯсо, дабири кулли пешини Иттиҳодияи Араб бо ишора ба талошҳои режими Исроил барои тавсеаталабӣ ба кишварҳои минтақа гуфт, мумкин аст, тавсеаталабии Исроил ба Арабистони Саудӣ ва Миср ҳам бирасад.
Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз ИРНА, Амру Мӯсо бо ишора ба дархости Исроил аз давлати Миср дар бораи вогузор кардани як навори марзӣ ба тули 2 километр гуфт, ин ибтидои илҳоқи хоки Миср ба Исроил аст.
Вай бо истинод ба изҳороти қаблии Доналд Трамп дар бораи инки Исроил кучак ба назар мерасад ва бояд сарзаминҳои бештаре замимаи он шавад афзуд: Исроил ба сӯрати номаҳдӯд ба дунболи замима кардани сарзаминҳои дигар аст.
Амру Мӯсо дар ин ҳол бар Иттиҳоди кишварҳои арабӣ бавижа Арабистону Миср дар қиболи рӯйкарди ишғолгаронаи режими Исроил таъкид кард.
Гуфтанист, яке аз муҳимтарин мушкилоти режими саҳюнистӣ дар тӯли наздик ба 8 даҳаи гузашта надоштани ҷамъияти бумӣ аст, барои ҷуброни муъзали ҷамъият, режими саҳюнистӣ яҳудиёни саросари ҷаҳонро ба муҳоҷират ба арозии ишғолӣ ташвиқ кардааст.
Дар 7 октябри гузашта ва ҳамзамон бо солгарди оғози ҷанги наслкушӣ дар Борикаи Ғазза, артиши ишғолгари Исроил шурӯ ба кӯчи иҷбории сокинони шаҳрҳои Байт Ҳонун, Ҷаболё ва Байт Лоҳё ба ҷануб кардааст, ки расонаҳо онро иҷрои ғайриалании “тарҳи женеролҳо” тавсиф карданд.
342/