Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон рӯзи шанбе дар маросими гиромидошти 40-умин рӯзи шаҳодати шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ гуфт: Шаҳодати Насруллоҳи муъмину муҷоҳид, барои ӯ ва барои ҷабҳаи муқовимат шикаст нест, шаҳодати ӯ беш аз ҳар замоне ниқоби қотилони ҷаҳаннамиашро канор мезанаду зиштӣ ва беҳудагии созишкорӣ бо ин бонди табаҳкори ҷинояткору аҳриманиро намоён мекунад.
Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз ИРНА, Қолибоф таъкид кард: Насруллоҳ ҳам аз ибтидои Туфони Ал Ақсо дар канори муҷоҳидони Ҳамос истод ва бовар дошт, ки ҳеҷ ҷанге монанди мубориза бо саҳюнистҳо машрӯъ нест.
Вай гуфт, Сайдҳасан Насруллоҳ як сиёсатмадори ҳаким буд ӯ дар авҷи кунишгарии инқилобӣ ва ҷиҳодӣ дар як майдони пуртаниш бар мадори диёнату ақлоният ҳарф мезад ва амал мекард, Насруллоҳ иҷтимои шиаёнро бар асоси ҳамафзоии дарунӣ ва ҳамзистӣ бо дигар тавоифи Лубнон сомондиҳӣ кард.
Қолибоф афзуд, амнияти имрӯзи дунё ва бавижа Аврупо мадюни раҳбарии шаҳид Насруллоҳ аст, Ҳизбуллоҳ омили сулҳ ва субот аст ва агар сарони Амрико воқеан барои минтақаи ғарби Осиё сулҳ мехостанд бояд саги посбонашонро кантрол мекарданд на онки фармондеҳони рашиду раҳбари оқили Ҳизбуллоҳро бо бомбҳо ва дигар абзорҳои низомӣ ва кумакҳои иттилоотиашон террор кунанд.
Ҳамоиши байналмилалии “мактаби Насруллоҳ” ҳамзамон бо 40-умин рӯзи шаҳодати парчамдори муқовимат, шаҳиди Сайдҳасан Насруллоҳ бо ҳузури соҳибназароне аз 13 кишвари ҷаҳон дар салони иҷлоси сарони кишварҳои исломӣ дар Теҳрон баргузор шуд.
342/