9 Ноябр 2024 - 20:28
162 шаҳид ва захмӣ дар ҳамлаҳои 24 соати гузаштаи низомиёни Исроил ба Ғазза

Вазорати беҳдошти Фаластин эълом кард, дар ҳамлаҳои 24 соати гузаштаи режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза 39 нафар шаҳид ва 123 нафар захмӣ шуданд.

 Бо эҳтисоби шуҳадои рӯзи гузашта, шумори шуҳадои ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза аз ҳафтуми октябри 2023 то кунун ба 43 ҳазору 508 нафар ва шумори захмиҳо низ ба 102 ҳазору 684 нафар расидааст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, дар ҳамлаи низомиёни режими саҳюнистӣ ба мадрасае дар борикаи Ғазза камаш 5 ғайринизомӣ ба шаҳодат расиданд.

Низомиёни режими саҳюнистӣ мадрасаи "Фаҳд ас-Сабоҳ", маҳалли ускони оворагони Фаластин дар шарқи шаҳри Ғаззаро низ ҳадаф қарор доданд.

 Саҳюнистҳо ҳамчунин минтақаи "Абу Ҳуҷайр", шимоли урдугоҳи Албариҷ, маркази борикаи Ғаззаро бомбаборон карданд.

 Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ чодари оворагони Фаластин дар ҷануби борикаи Ғаззаро низ бомбаборон карданд, ки камаш 3 нафар шаҳид ва 5 нафар захмӣ шуданд.

 Режими саҳюнистӣ аз ҳафтуми октябри 2023 бо ҳимояти ҳамаҷонибаи кишварҳои ғарбӣ, куштори густурдаеро дар борикаи Ғазза ва каронаи бохтарии рӯди Урдун зидди мардуми бедифоъ ва мазлуми Фаластин ба роҳ андохта ва сукути ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ дар қиболи ҷиноёти режими ишғолгари Исроил, мӯҷиби тадовуми куштори занон ва кӯдакони Фаластин тавассути мошини ҷангии режими номашруъи саҳюнистӣ шудааст.

 Дар ин муддат 70 дарсад аз манозил ва зерсохтҳои борикаи Ғазза дар ин ҷанг ба шиддат тахриб шуда ва муҳосира ва буҳрони инсонии шадид дар канори қаҳтӣ ва гуруснагии бесобиқа, ҷони сокинони ин минтақаро таҳдид мекунад.

342/