Рӯзномаи бритониёии Daily Mail эълон кард: Дар соли гузашта тақрибан 600 афсари пулиси Бритониё ба далели рафтори ношоиста, аз ҷумла фасоди ахлоқӣ ва ҷинояткорӣ аз кор ронда шуданд.
Бино ба хабари Pars Today, дар хабари ин рӯзнома гуфта мешавад: Шумораи афсарони полиси Бритониё, ки ба далели рафтори нодуруст ва ғайрикасбӣ аз кор озод карда шудаанд, дар соли гузашта назар ба ду соли пеш 50% афзоиш ёфтааст.
Тибқи ин гузориш, пас аз таҳқиқи қазияи "Уэйн Кузен", афсари пулиси инглис, ки пас аз рабудани духтаре бо номи "Сара Эверард" ӯро кушта ва ҷасади ӯро оташ задааст ин кувва хеле афзуд.
Рӯзномаи Daily Mail дар ин робита навиштааст: Мубодилаи паёмакҳои ғайриқонунӣ дар бораи қурбониёни таҷовуз, дурӯғгӯӣ ва бевиҷдонӣ, рафтори табъиз, дастрасии ғайриқонунӣ ба файлҳо ва аксҳои мардум, хушунати хонаводагӣ, гирифтани акси қурбониён ва нашри онҳо дар фазои маҷозӣ дар бораи куштани бачагони сиёхпуст як кисми чиноятхои афсарони оташфишони Британия мебошад.
342/