Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар,Эмомалӣ Раҳмон, тайи суханоне дар ин ҳамоиш ба равобити дӯстӣ ва бародарӣ бо мардуми туркман, ҳамкории фарҳехтагон ва таҷлили шоири номдор ва муаллими маорифи Туркманистон , Махдумқулии Фароғӣ, ки сесадумин солгарди таваллуд вай ба сурати густурда баргузор мешавад, пардохт.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, Тоҷикистон низ солгарди ин мутафаккири бузургро гиромӣ доштааст.
Эмомалӣ Раҳмон афзуд , дар Тоҷикистон баргузории мизи гирди байналмилалӣ ба зиндагӣ ва фаъолияти Фароғӣ, гузоштани муҷассамаи Махдумқулӣ дар шаҳри Душанбе, номгузории яке аз зеботарин хиёбонҳои ин шаҳр ба номи ин шоири бузург ва мактаби миёна дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон , нишонаи боризи дӯстӣ ва равобити созанда байни мардуми бародари Тоҷикистон ва Туркманистон аст.
342/