3 Июл 2024 - 17:29
Эрон бархе мақомоти амрикоиро ба далели нақзи ҳуқуқи башар ва иқдомоти моҷароҷӯёнаву террористӣ таҳрим кард

Вазорати умури хориҷаи Эрон бархе ашхоси амрикоиро ба далели нақзи ҳуқуқи башар дар қиболи ҳомиёни Фаластин таҳрим кард.

Ҷумҳурии исломии Эрон ҳимояту дифоъ аз мардуми мазлуми Фаластинро асли ҷудонашавандаи сиёсати хориҷаи худ медонад ва ҳамвора дар маҳофили байналмилалӣ аз ҳеҷ талоше барои ҳимоят аз фаластиниён дареғ накардааст.
Ба гузориши “Порс Тудей”, Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ростои иҷрои қонуни «Муқобила бо нақзи ҳуқуқи башар ва иқдомоти моҷроҷӯёнаву террористии Амрико дар минтақа», бархе ашхоси амрикоиро ба далели нақзи ҳуқуқи башар аз тариқи саркӯби эътирозоти мусолиматомези донишҷӯёну устодони донишгоҳҳо дар Амрико, ки дар ҳимоят аз миллати мазлуми Фаластин алайҳи ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза ба по хостаандро таҳрим кард.

Бар ин асос, Вилям (Билли) Ҳиченз, раиси Идораи амнияти умумии Ҷорҷия, Эди Грир, фармондеҳи амалиёти майдонии иёлати Ҷорҷия, Линда Курник, раиси полиси Донишгоҳи Флорида, Помило Смит, фармондеҳи полиси Вашингтон Ди Си, Ҷефри Корул, дастёри иҷроии фармондеҳи полиси Вашингтон, Карл Ҷокобсн, раиси полиси Ню Ҳован, Шин Астрипи, дастёри раиси полиси донишгоҳи Техас, Майкл Кокс, раиси полиси Бостон, Скотт Донинг, раиси бахши полиси марказии Донишгоҳи Индиана, Майкл Томпсон, раиси полиси Донишгоҳи Аризона, Ҷон Бруки, раиси полиси Донишгоҳи Лонг Бичи Калифорния аз ҷумлаи афроде ҳастанд, ки дар листи таҳримии Вазорати умури хориҷаи Эрон қарор гирифтаанд.

Ин ашхос машмули мамнуияти судури раводиду адами имкони вуруд ба қаламравҳои муртабит бо Ҷумҳурии исломии Эрон, масдуд шудани ҳисобҳои бонкӣ, тавқифи амволу дороӣ дар қаламравҳои таҳти салоҳияти Ҷумҳурии исломии Эрон хоҳанд буд.

342/