26 Июн 2024 - 17:08
Таҳрими як ниҳоди дигари вобаста ба сипоҳ тавассути Иттиҳодияи Аврупо бо ҳадафи афзоиши эронҳаросӣ

Порстудэй - Иттиҳодияи Аврупо бо такрори иддаоҳо дар бораи ҳимояти низомии Эрон аз Русия дар ҷанг алайҳи Украина, Созмони таҳқиқоту ҷиҳоди худкафоии нерӯи заминии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломиро таҳрим кард.

Дар баёнияе, ки як нусхаи он дар торнамои Иттиҳодияи Аврупо мунташир шуд, иддао шудааст: Созмони таҳқиқоту ҷиҳоди худкафоии неруи заминии сипоҳ дар интиқоли паҳподҳои эронӣ ба Русия барои ҳимоят аз ҷанги таҷовузкоронаи ин кишвар алайҳи Украина мушорикат доштааст.Иттиҳодияи Аврупо муддаӣ шуд: Русия аз паҳподҳои сохти Эрон алайҳи Украина истифода ва ҳокимият, истиқлолу тамомияти арзии ин кишвар, аз ҷумла алайҳи ғайринизомиёну зерсохтҳои ғайринизомиро нақз мекунад.


342/