Дар таърихи 21 июн, чаҳорумин нишаст вузарои энержии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории шанхай Ба раёсати Қазоқистон дар Остона баргузор шуд, ки дар он “стротежии тавсеаи ҳамкории энержии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай барои давра то соли 2030” баррасӣ ва тасвиб шуд.
Дар ин нишаст Далери Ҷумъа, вазири энержӣ ва манобеи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат кард.
Вузарои энержии Созмони Ҳамкории Шанхай дар мавриди вазъияти мавҷӯд ва чашмандози тавсеаи дастури кори ҷаҳонӣ ва минтақаии энержӣ, тавсеаи бахши энержӣ, аз ҷумлаи фурсатҳои ҷазби сармоягузорӣ ва таъмини молӣ барои иҷрои пружаҳо ва барномаҳои ин созмон, баҳсу табодули назар карданд.
342/