Сулливан рӯзи душанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар Кохи Сафед бо таъкид бар инки Иёлоти Муттаҳида мехоҳад шоҳиди шикасти Ҳамос бошад гуфт: "Мо бовар надорем ончӣ дар Ғазза меафтад як наслкӯши аст. Мо қотеъона ин гузораро рад кардаем.
Ин нахустин бор нест, ки Иёлоти Муттаҳида ба унвони муттаҳиди стратежикии режими саҳюнистӣ мункири вуқӯъи наслкӯши дар ҷараёни ҷанги Ғазза тавассути ин режим шудааст. Сухангӯи Шурои амнияти миллии Кохи Сафед дар авоили ноябри соли 2023 дар ҳоле, ки як моҳ аз оғози ҷанги Ғазза мегузашт дар ҳимоят аз ҷиноёти саҳюнистҳо алайҳи фаластиниҳо муддаи шуд ончӣ, ки дар Ғазза рӯх медиҳад , наслкӯши нест. Керри гуфт: наметавонед ба таҳавуллоти Ғазза нигоҳ кунед ва бигӯед, ки ин иттифоқот мутобиқи таърифи насткӯши аст. Вай иддао кард, ки вожаи «наслкӯши » «як равиши ғайримасъулона барои тавсифи ин таҳавуллот » аст.
Бояд аз ин мақомоти аршади амрикоӣ пурсид, ки режими саҳюнистӣ, ки ба баҳонаи дифоъи худ ба кӯштори бесобиқаи мардуни Навори Ғазза пардохта ва дар ин замина аз ҳимояти комили давлати Бойден ва Конгерси Амрико низ бархурдор аст бояд дигар чӣ ҷинояте алайҳи фаластиниҳо сурат диҳад то мисдоқи ҷинояти ҷангӣ ва наслкӯши маҳсуб мешавад.
Тибқи охирин оморҳо шумори шуҳадои мутаҷовизи режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза аз ҳафтуми октябри 2023 то кунун ба 35 ҳазору 91 нафар ва маҷруҳон ба 78 ҳазору 827 нафар афзоиш ёфта ва режими саҳюнистӣ ҳаррӯз дар ҷараёни ҳамалоти ҳавоӣ ва заминии худ даҳҳо нафар аз мардуми мазлуми Ғаззаро шаҳид ва захмӣ мекунад.
Ин наслкӯшии бесобиқа борҳо бо эътирози ниҳодҳои байналмиллалӣ ба вижа Созмони Миллал ва низ ниҳодҳои Ҳуқуқи башарӣ монанди авфи байналмиллалӣ ва Дидбони Ҳуқуқи Башар рӯбарӯ шудааст. Режими саҳюнистӣ иловабар бомбборон ва гулӯлаборони манотиқи мухталифи Ғазза, бо истифода аз силоҳҳи гурӯснагӣ ва ҷулугирӣ аз ирсоли маводи ғизоӣ ва доруӣ ба ин минтақа низ барои ташдиди наслкӯши дар Ғазза истифода мекунад.
Иқдомоти ҷинёти Исроил дар ҷараёни ҷанги Ғазза ба вижа насткӯшии мардуми ин минтақа сабаб шуда то Африқои Ҷанубӣ ба унвони яке аз кишварҳои муътақиди ҷиноёти режими саҳюнистӣ ба Девони байналмиллалии додгустарӣ ба далели нақзи Канвонсиюни налскӯшии 1948 шикояд намояд. Иқдоме, ки ҳимояти даҳҳо кишвари ҷаҳон ҳамроҳ шудааст. Иттиҳодияи Араб низ бар ҳимояти комили худ аз шикоёти ироа шуда аз сӯи Африқои Ҷанубӣ алайҳи режими саҳюнистӣ дар баробари Додгоҳи байналмиллалии Лоҳа ба иттҳоми иртикоби кӯштори ҷамъи ва нақзи Канвонсиюни манъи кӯштори ҷамъии 1948 таъкид кардааст. Ҳамчунин 200 коршинос ва профессори ҳуқуқи байналмиллалӣ ҳимояти комили худ аз Африқои Ҷанубӣ алалйҳи режими саҳюнистӣ эълом карданд.
Ин ҳимоятҳо ва инзивои рӯзафзӯни Исроил дар сатҳи ҷаҳонӣ ва акнӯн чашмандози маҳкӯмияти он дар Девони байналмиллалии додгустарӣ мӯҷиб шуда то шуракои ғарбии Тел-Авив ва ба такопуи афтода ва дар садади ҳимояти сиёсӣ ва қазоӣ аз он бароянд . Аз ҷумла Амрико ба унвони муттаҳиди строжикии Исроил дар иртибот бо парвандаи Африқои Ҷанубӣ ба шиддати аз Тел-Авив ҳимоят карда ва Ҷон Керри , сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед ин парвандаро « фоқиди арзиш » ва « бидӯни ҳеҷ гӯнаиасосу мадраке » тавсиф кардааст .
Мавзегириҳои як ҷонибаи Вашингтон ба нафъи Тел-Авив ва аз ҷумлаи инкори наслкушӣ дар Ғазза бо вокуниши Созмони Миллал мувоҷеҳ шуда аст. Дар ин росто гузоришгари вижаи Ҳуқуқи башари Созмони Миллал дар умӯри Фаластин бо ибрози таассуф аз посухгӯ набудани режими саҳюнистӣ дар қиболи ҷиноёташ дар Ғазза гуфта ки Исроил бо пуштибонӣ ва ҳимояти бархе қудратҳои бузург , қавонини байналмиллалиро нақз мекунад .
Ҷӯ Байден раиси ҷумҳӯри Демукроти Амрико ки имсол дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии ноябри 2024 ба рақобат бо Доналд Трамп номзади Ҷумҳурихоҳон ва аз ҳомиёни сарсахти Исроил мепардозад , ба далели ҳимоят аз Тел-Авив бо интиқоди шадиди ҳомиёни худ дар дохили кишвар мувоҷеҳ шудааст. Бисёре аз ин мунтақидон муътақиданд Исроил муртакиби наслкушӣ дар Ғазза шуда аст . Нуктаи муҳим инки ба рағми мавзегирии Ҷу Байден ва мақомоти давлатии ӯ дар ҳимояти беқайду шарт ва ҳамаҷониба аз Исроил ва талош барои муқассир ҷилва додани фаластиниҳо ба вижа Ҳамос дар шаклгирии ҷанги кунунӣ дар Ғазза , аммо ҳатто сиёсатмадорони амрикоӣ низ худ ба хубӣ аз моҳияти таҷовузгарона ва таҳоҷумии режими саҳюнистӣ ва зулми чанд даҳаии саҳюнистҳо алайҳи фаластиниҳо ки бо кӯштор ва ғасби арозии онҳо токунӯн тадовум ёфта аст огоҳ буда ва ба интиқод аз ин амр пардохтаанд .
Аз ҷумла як коргурӯҳи мустақил , муташаккил аз мақомоти собиқи Вазорати умӯри хориҷаи Амрико ва коршиносони ҳуқуқи байналмиллал эълом карданд ки мардуми Ғаззаи тавассути муҳимоти Амрико ба шаҳодат расидаанд . Ба гуфтаи ин коргурӯҳ наздик ба 35000 фаластинӣ аз ҷумла 14000 кӯдак ҷони худро аз даст додаанд ва хотирнишон карданд ки « бештари онҳо тавассути муҳимоти амрикоӣ кӯшта шудаанд . »
342/