Бар асоси баёнияи Вазорати хориҷаи Эрон, ин таҳримҳо дар ростои иҷрои қонуни «Муқобила бо нақзи ҳуқуқи башар ва иқдомоти моҷароҷӯёнаву террористии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар минтақа», ба вижа ба истиноди маводи 4 ва 5-и қонуни зикршуда ва низ дар чорчӯби иҷрои қонуни «Муқобила бо иқдомоти душманонаи режими саҳюнистӣ алайҳи сулҳу амният», мусавваби Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон эъмол шудааст.
Ниҳодҳову ашхоси амрикоӣ, ки тавассути Вазорати хориҷаи Эрон таҳрим шудаанд, иборатанд аз:
1 . Ширкати таслеҳотии Локҳид Мартин (The Lockheed Martin Corporation), ба далели таҳияву таъмини таҷҳизоти низомӣ барои режими Исроил дар тӯли ҷанги Ғазза.
2 . Ширкати Ҷенерал динамик (General Dynamics Corporation), ба далели таҳияи гулӯлаҳои 155 милиметрӣ барои режими Исроил дар ҷанг алайҳи Ғазза.
3 . Ширкати Скайдио (Skydio), ба далели ирсоли паҳпод ба режими Исроил барои истифода дар ҷанги Ғазза.
4 . Ширкати Чеврон (Chevron Corporation), ба далели ҳамкорӣ бо режими Исроил дар истихроҷи чоҳҳои гази воқеъ дар шарқи баҳри Миёназамин ва баҳрабардории режими Исроил аз манобеи молии ҳосил аз он дар ҳамла ба Ғазза.
5 . Ширкати иттилоотии Харон (Kharon Company), ба далели нақши он дар таҳримҳои эъмолшуда тавассути Вазорати хазонадории Амрико алайҳи Ҳамос, кӯшиш ҷиҳати қатъи дастрасии Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ ба шабакаи интиқоли арзии крипто ба баҳонаи пулшўӣ.
Ашхоси амрикоии таҳримшуда:
1 . Ҷесун Гринблот (Jason Greenblatt), мушовири аршади Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии пешини Амрико ба далели ҳимоят аз нобудии Ҳамос ва авлавият додани ҳазфи ин гуруҳ ба ҳар гуна иқдоми ислоҳӣ дар Фаластин.
2 . Майкл Рубин (Michael Rubin), аз андешакадаи “Американ Интерпройз” ба далели ҳимоят аз идомаи ҳамла ба Ҳамос то нобудии комили ин гуруҳ ва ҳазфи он дар борикаи Ғазза.
3 . Ҷейсон Бродски: (Jason Brodsky), мудири иҷроии гуруҳи иттиҳод алайҳи Эрони ҳастаӣ, ба далели тарҳи идеяҳои зидди фаластинӣ ва интишори гузориши ғайривоқеӣ дар мавриди Ҷумҳурии исломии Эрон дар амалиёти “Тӯфони Алақсо”.
4 . Клиффорд Мэй (Clifford D . May), раиси Бунёди дифоъ аз демократия ба далели ҳимоят аз иқдомоти зидди ҳуқуқи башарӣ дар ҷанги Ғазза.
5 . Генерал Брайан Фентон (Bryan P . Fenton), фармондеҳи неруҳои амалиёти вижаи артиши Амрико ба далели кумаки иттилоотӣ ва амниятӣ ба режими саҳюнистӣ.
6 . Бред Купер (Brad Cooper), фармондеҳи новгони панҷуми Неруи дарёии Амрико ба далели ҳимоят аз иқдомоти зидди ҳуқуқи башарӣ дар ҷанги Ғазза.
7 . Грегори Ҳайез (Gregory J . Hayes), мудири ширкати таслеҳотии RTX ба далели ҳимоят аз иқдомоти зидди ҳуқуқи башарӣ дар ҷанги Ғазза.
Ниҳодҳову ашхоси англисии зер низ ба далели ҳимоят аз иқдомоти ҷинояткоронаи режими саҳюнистӣ, аз ҷумла дар иртикоби аъмоли террористӣ алайҳи сулҳу амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ, нақзи созмонёфта (систематикӣ)-и ҳуқуқи башар, ҷангафрӯзӣ, истифода аз таслеҳоти сангину силоҳҳои мамнӯа алайҳи ғайринизомиён, муҳосираи инсонӣ, овора кардани мардуми Фаластин, шаҳраксозии ғайриқонунӣ ва идомаи ишғоли сарзамини Фаластин, тавассути Вазорати хориҷаи Эрон таҳрим шуданд.
Ниҳодҳо:
1 . Пойгоҳи ҳавоии Акротирии подшоҳии Британия дар Кипр
2 . Нови Диамонди Неруи дарёии Англия дар дарёи Сурх.
3 . Ширкати Элбит Системи Британия.
4 . Ширкати Магит Поркери Британия.
5 . Ширкати Рафаэли Британия.
Ашхос:
1 . Грант Шаппс, вазири дифои Англия
2 . Ҷеймс Ҳокенҳол, фармондеҳи фармондеҳии стратегии артиши Британия
3 . Шарон Насмит, муовини Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Британия.
4 . Паул Раймунд Грифитс, дастёри Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Британия.
5 . Адриян Бред, мудири иттилооти дифои Вазорати дифои Британия.
6 . Ричард Камп, фармондиҳи нови Ричмунди Неруи дарёи Британия дар дарёи Сурх.
7 . Саймун Клок, фармондеҳи пойгоҳи ҳавоии Акротири Британия дар Кипр.
8 . Питер Айуванс, фармондеҳи нови Диамонди Неруи дарёии Британия дар дарёи Сурх.