Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар фазои маҷозӣ навишт: Ин сафар дар имтидоди сиёсати хориҷии фаъол ва дипломасии пуё ва ба манзури тавсеа ва таҳкими муносиботи Эрону Туркманистон анҷом мешавад.
Ҳамчунин ва бар асоси ин гузориш, тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвари Эрону Туркманистон дар ҳавзаҳои энержӣ, ҳамлу нақл ва транзит ва мубориза бо терроризм, аз ҷумлаи меҳварҳои гуфтугӯҳои Амирабдуллоҳиён дар Туркманистон хоҳад буд.
342/