24 Октябр 2023 - 17:52
Таъкиди Раисӣ бар истифода аз зарфияти “Гуруҳи ҳамкории Қафқоз” барои рафъи мушкилоти мавҷуд

Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии Эрон бо баёни инки масаълаи ғайриқобилиҳалле дар минтақаи Қафқоз вуҷуд надорад, бар истифода аз зарфияти « Гуруҳи ҳамкории Қафқоз » дар нишасти Теҳрон барои рафъи чолишҳову мушкилоти мавҷуд таъкид кард.

Ба гузориши ИРНА, Сайидиброҳими Раисӣ душанбешаб дар дидори Ҳокон Фидон-вазири умӯри хориҷаи Туркия, ки ба манзури ширкат дар нишасти « Гуруҳи ҳамкории Қафқоз » ба Теҳрон сафар кардааст, ҳамгаройӣ ва ҳамфикрии эҷодшудаи байни кишварҳои минтақаро дар ҳалли масоилу чолишҳои мавҷуд муассир донист ва гуфт: Мо ба ҳамон мизон, ки муътақидем гуфтугӯҳо миёни кишварҳои минтақаи Қафқоз заминасози ҳалли мушкилот хоҳад шуд, дахолати бегонагонро мӯҷиби печидатар шудани масоилу ташдиди мушкилоти минтақа медонем.

342/