Ба гузориши ИСНА, Муҳаммадбоқири
Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон пас аз нишасти дуҷонибаи
муштарак бо ҳамтои алҷазоирии худ дар Теҳрон дар ҷамъи хабарнигорон
гуфт, дар ин дидор дар бораи тавсеаи равобити дуҷонибаи иқтисодӣ,
минтақаӣ, байналмилалӣ, фаъол шудани Комиссиони иқтисодӣ, хутути
киштиронии байни ду кишвар ва ҳамкорӣ дар ҳавзаи донишбунён табодули
назар шуд.
Қолибоф ҳамчунин бо таъкид бар ҳамкории муштараки маҷолиси Эрону Алҷазоир аз тариқи гуруҳҳои дӯстии маҷолиси ду кишвар ва ҳамчунин Иттиҳодияи маҷолиси кишварҳои исломӣ изҳор кард, тавсеаи ин равобит метавонад ба тасҳилгарӣ тавсеаи равобити сиёсӣ ва иқтисодии ду кишвар бианҷомад.
Иброҳим Буғолӣ, раиси маҷлиси Алҷазоир низ дар ин нишасти хабарӣ гуфт, Алҷазоир барои тавсеаи равобит бо кишварҳои дӯсту бародар, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон, эҳтироми зиёде қоил аст.
Раиси маҷлиси Алҷазоир бар густариши ҳамкорӣ бо Эрон дар заминаҳои мухталиф таъкид кард.
342/