17 Август 2023 - 20:20
 Раиси комиссиюни амнияти миллии Маҷлиси Эрон : Ҷабҳаи муқовимат омодаи ҳар гуна муқобила бо режими саҳюнистӣ аст

Раиси комиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси шӯрои исломии Эрон гуфт : Ҷабҳаи муқовимат омодаи ҳар гуна муқобила бо режими саҳюнистӣ аст.

Ба гузориши родиои тоҷикии Садои Хуросон,Ваҳиди Ҷалолзода-раиси комиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар ташреҳи ҷузъиёти сафари ҳайати порлумонии Эрон ба Сурияву Лубнон гуфт : Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора мухолифи ҳузури кишвари бегона дар Сурия аст ва Эрон аз ҷабҳаи муқовимат ва ҳар гуруҳе, ки бихоҳад дар муқобили режими саҳюнистӣ алами муқовиматро бардорад, ҳимоят хоҳад кард.

Раиси комиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси шӯрои исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба дидори ҳайати порлумонии Эрон бо Сайидҳасан Насруллоҳ-дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон тасреҳ кард : Ҷабҳаи муқовимот омодаи ҳар гуна муқобила бо режими саҳюнистӣ аст ва ҳимоятҳои Ҷумҳурии исломӣ аз ин ҷабҳа ҳамонанди гузашта идома хоҳад дошт.
Як ҳайат аз Маҷлиси шӯрои исломии Эрон ба сарпарастии Ваҳиди Ҷалолзода-раиси комиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ ҳафтаи гузашта ба Сурияву Лубнон сафар кард .

342/