Бинобар суханони Сироҷиддини Муҳриддин- вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон панҷумин нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи марказӣ рӯзҳои 14 - 15 сентябр ва таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри ин кишвар баргузор мешавад.
Вай зимни ибрози ин матлаб гуфт : Ба манзури баргузорӣ дар сатҳи олӣ ва обрӯмандонаи ин нишаст бо кишварҳои Осиёи марказӣ ҳамкории идомадор дорем ва дар ҳоли анҷоми муқаддамоти ҳамаҷониба ҳастем.
Вазири хориҷаи Тоҷикистон афзуд : Дар нишасти машваратии ояндаи сарони кишварҳои Осиёи марказӣ бастае аз санадҳо имзо хоҳад шуд, ки муҳимтарини он баёнияи ниҳоии нишасти сарони кишварҳои ширкаткунанда хоҳад буд.
Дар ин нишаст ҳамчунин 2 тавофуқномаи муҳим дар заминаи ҳамлу нақли заминӣ ва сиёсати ҷавонон имзо хоҳад шуд.
Parstoday