5 Август 2023 - 19:12
Сардор Саломӣ: Миллати Эрон роҳи худро мустақил аз иродаи қудратҳо ба пеш мебарад

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, бо баёни инки сохтумони аслии қудрати Эрон нопайдост ва дар таҳрими душманон ба қудрат расидаем, таъкид кард: Миллати Эрони роҳи худро мустақил аз иродаи қудратҳо ба пеш мебарад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сардор Ҳусайни Саломӣ имрӯз (шанбе) дар ёздаҳумин ойини илҳоқи сомонаҳо ва таҷҳизоти ҷадид ба нерӯи дарёии сипоҳ гуфт, миллати Эрон бо огоҳӣ аз низоми ноодилонаи мавҷӯд, роҳи қавӣ шуданро ёфтааст ва муҷаҳҳаз шудан барои ҷиҳоди пирӯзмандона ва шарофатмандонаро зомини саодати худ медонад.

Вай афзуд, имрӯз ба воситаи шинохту даргирӣ бо душман рушд кардаем бо собиқаи даҳаҳо истодагӣ дар майдони таҳдидҳо ва мухотирот, роҳи муқтадир шуданро пайдо кардаем, дар воқеъ душман омили рушди Эрон будааст.

Фармондеҳи кули сипоҳ хотирнишон кард, неруи дарёии сипоҳу неруи дарёии артиш, дар каронаҳо ва аъмоқи дарёҳо ҳузур доранд, аммо шуъоъи таъсири онҳо ҳар нуқта аз уқёнусҳо аст, онҳо фақат аз марзҳои обӣ дифо намекунанд, балки аз манофеи миллати Эрон дар саросари ҷаҳон дифо мекунанд.

342/