5 Июл 2023 - 18:14
Идомаи ҳамалоти саҳюнистҳо ба шаҳри Ҷнин афзоиши теъдоди шуҳадо ба 13 нафар

Вазорати беҳдошти Фаластин эълом кард дар ҳамлаи ҳавоӣ саҳюнистӣ ба Ҷнин 2 шаҳрванди фаластинӣ ба шаҳодат расид ва теъдоди шуҳадои фаластинӣ аз оғози амалиёти саҳюнистҳо ба ин шаҳр ба 13 нафар афзоиш ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон низомиёни саҳюнистӣ аз бомдоди душанбе шаҳру урдугоҳи Ҷнинро аз амину ҳаво мавриди ҳамла ва бомбаборон қарор доданд ва ин ҳамаи бесобиқа ҳамчунон идома дорад.

Ҳамлаи ваҳшиёнаи рузи душанбе режими саҳюнистӣ ба Ҷнин бо вокуниши шадиди ниҳодҳо ва кишварҳои исломӣ ва араби ру ба ру шду ва ин кишварҳо ҷиноятофаринии режими нажодпараст ва кудакушро нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ дониста ва бар лузуми муқобилаи ҷомеъаи байналмилали бо он таъкид карданд.

Бар асоси эъломи Вазорати беҳдошти Фаластин дар ҳамлаи ҳавоӣ режими саҳюнистӣ ба Ҷнин то кунун 100 нафар захми шуданд ки ҳоли 20 нафари аз онҳо бад гузориш шуда аст.

342/