Ба гузориши Садои Хуросон, Сартип Киюмарс Ҳайдарӣ, фармондеҳи нерӯи заминии артиши Ҷумҳӯрии Исломии Эрон рӯз чаҳоршанбе дар боздид аз типи 35-и нерӯи махсус вокуниши сареъи артиш дар Кирмоншоҳ, Ғарби Эрон афзӯд: Нерӯҳои заминии ариши Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар тамоми марзҳои кишвар мустаққар аст ва омодаи посухгӯи ба ҳар навъ таҳдид аст. Артиши Ҷумӯрии Исломии Эрон нақши муҳиме дар тақвияти тавони дифоъӣ ва низомии Эрон дорад ва ҳамчунон аз манофеъӣ Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар арсаҳои мухталиф дифоъ кардааст.
4 Май 2023 - 13:10
News ID: 1362686
Фармондеҳи нерӯи заминии артиши Ҷумҳӯрии Исломии Эрон гуфт: Артиш бо иттико ба тавони дохилӣ ва таваҷҷӯҳ ба манавиёти Раҳбари Инқилоби Исломӣ, дар омодагӣ ва қудрати дифоъӣ ва низоми комил қарор дорад.