Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дар паёме бо ишора ба сафари Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Сурия аҳаммияти ин сафар илова бар абъоди сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодӣ, баёнгари таҷаллии пирӯзии иродаи сиёсии муқовимату муваффақияти дипломасии давлат дар такмили раванди ҳамгароии минтақа аст. Саидиброҳими Раисӣ имрӯз (чаҳоршанбе) ба даъвати расмии Башор Асад, раисиҷумҳурии Сурия дар садри ҳайатии олирутба аз мақомоти сиёсӣ ва иқтисодӣ ба ин кишвар сафар хоҳад кард. Раиси Ҷумҳурии исломии Эрону ҳайати ҳамроҳ, дар сафари ду рӯзаи худ ба Сурия бо мақомоти олии ин кишвар дар бораи роҳкорҳои таҳким ва тақвияти равобити сиёсӣ ва густаришу иртиқои сатҳи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ ройзанӣ хоҳанд кард.
Ин нахустин сафари раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Сурия пас аз 13 сол аст.
342/