1 Апрел 2023 - 13:32
Раиси Маркази умури ҳуқуқии байналмилалии раёсатҷумҳурӣ: Амрико бояд тайи 2 сол хисороти ворида ба Эронро ҷуброн кунад

Раиси Маркази умӯри ҳуқуқии байналмилалии раёсатҷумҳурии Эрон гуфт, Девони байналмилалии додгустарӣ муқарар кардааст, ки давлати Амрико хисорати ворида ба Эрон дар натиҷаи мусодираи бархе амволро тайи муддати 2 сол ҷуброн кунад.

Таваккул Ҳабибзода, раиси Маркази умӯри ҳуқуқии байналмилалии раёсатҷумҳурии Эрон дар гуфтугӯ бо ИРНА дар бораи раъйи Девони байналмилалии додгустарии Гаага афзуд, барасоси раъйи Девони байналмилалии додгустарӣ, мусодираи амволи теъдоде аз бонкҳо ва ширкатҳои эронӣ тавассути додгоҳҳои Амрико муғойир бо тааҳҳудоти Вашингтон ба мӯҷиби муоҳидаи маваддати 1955 аст.

Ҳабибзода афзуд, тарафайн аз ин ҳақ бархӯрдор ҳастанд, ки барои тақдими хисорат бо якдигар музокира кунанд ва агар ба натиҷа нарасиданд, девон ҳамчунон парвандаро баррасӣ ва хисоратро тақдим мекунад.

Вай тасреҳ кард, давлати Амрико муддаӣ буд, ки иқдоми додгоҳҳои Амрико бо тааҳҳудоти он кишвар ба мӯҷиби Муоҳидаи маваддат аз ҷумла эҳтиром ба шахсияти ҳуқуқии мустақили ширкатҳои эронӣ муғойир нест, аммо Девони байналмилалии додгустарӣ ин истидоли Амрико дар хусӯси шахсияти ҳуқуқии мустақили бонкҳо ва ширкатҳои Эронро напазируфт ва ин бонкҳоро дорои шахсияти ҳуқуқии мустақил талаққӣ кард.

Девони байналмилалии додгустарӣ ба мӯҷиб раъйе, ки рӯзи панҷшанбе (30 март) дар парвандаи забти бархе амволи Эрон зидди давлати Амрико содир кард, мусодираи амволи давлати Эрон ва теъдоде аз бонкҳо ва ширкатҳои эронӣ тавассути додгоҳҳои Амрикоро муғойир бо тааҳҳудоти он кишвар дар Муоҳидаи маваддат 1955 донист ва муқарар кард, ки давлати Амрико бояд хисороти ворида ба Эрон дар натиҷа мусодираи ин амволро ҷуброн кунад.

Девони байналмилалии додгустарӣ ҳамчунин инсидод ва блока кардани амволи давлати Эрону муассисоту бонкҳои эронӣ дар соли 2012-ро бар хилофи муоҳидаи 1955 ташхис доду истиноди давлати Амрико ба мустаснооти модаи 20 муоҳида ҷиҳати тавҷеҳи судӯри дастури инсидоди амволи Эронро напазируфт.

342/