8 Март 2023 - 08:04
Таъкиди Раисӣ бар таъомули дуҷонибаи Эрон ва Созмони Ҳамкории Шанхай барои ҷуброи ақибмондагиҳо

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Талошҳои СҲШ ва масъулони Ҷумҳурии Исломии Эрон бояд ба гунаи бошад, ки ақибмондагиҳо дар заминаи иҷроӣ ва амалиёти шудани тавофуқҳо ҷуброн ва ҳамкориҳои тарафайн ба сатҳи қобили қабул бирасад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хусон ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раиси Ҷумҳурии Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рузи сешанбе дар дидори Жонг Минг, дабири кулли СҲШ бо ишора ба пайвастани Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ин созмон гуфт: Узвияти Эрон дар СҲШ илова бар таҳаруки бештар дар ҳамкориҳои минтақаӣ равобити тиҷори бо кишварҳои узвро низ тақвият хоҳад кард.

Раисӣ бо баёни ин ки Эрон барои ҳамкори ва таъомул бо кишварҳои узви СҲШ аҳамияти зиёди қоил аст афзуд: Бархурдории кишварҳои узви СҲШ аз неруи инсонӣ ва ҷамъияти қобили таваҷҷуҳ, манобеъ ва захиарҳои ғани ва густардагии ҷуғрофияи васеъ, зарфиятҳои фавқулода барои ин созмон эҷод кард то дар муқобилаи муассир бо як ҷонибагароӣ ва эҷоди ҳамгароӣ минтақаӣ ва байналмиалалӣ ба шакли муассир ифои нақш кунад.

Жонг Минг дабири кулли СҲШ низ дар ин дидор бо ироаи гузориши аз раванди пайвастани Эрон ба СҲШ ва равобити хуби Ҷумҳурии Исломии Эрон бо кишварҳои узв бар аҳамияти нақш ва ҷойгоҳи Эрон дар сулҳ, субот ва рушди минтақа таъкид ва аз узвияти Эрон дар ин созмон истиқбол ва ибрози хушнуди кард.

342/