Замбрӣ Абдуқодир, вазири умури хориҷаи Малайзия рӯзи ҷумъа дар паёме ба Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон, бо табрики фаро расидани солрӯзи пирӯзии Инқилоби исломии Эрон ва ибрози хурсандӣ аз равобити гарм ва самимонаи ду кишвар, бар ҳамкорӣ ҳарчӣ бештар ба манзури тақвияти равобити Эрону Малайзия дар ростои манофи ҳар ду миллат таъкид кард.
Замбрӣ Абдуқодир ҳамчунин пешрафт ва комёбии пойдорро барои ҳар ду миллати Малайзия ва Эрон хостор шуд.
Хусрави Нозирӣ, дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) ҳам дар паёми табрики солгарди пирӯзии Инқилоби исломии Эрон хитоб ба вазири умури хориҷаи Эрон, бар ҷойгоҳи Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони як узви калидӣ дар созмони ЭКО таъкид кард.
Нозирӣ ҳамчунин кумаки Эрон дар тақвияту тасҳили дастури кори ЭКО, ки ҳадафи он иртиқои ҳамкориҳои иқтисодӣ - иҷтимоӣ дар минтақаастро мавриди таъкид қарор дод.
342/