Ба гузори Садои Хуросон ба нақл аз Идораи кулли иттилоот расонӣ ва умури сухангӯи Вазорати умури хориҷа. Носир Канъони Чофӣ сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон афзӯд: Мақомоти амрикоӣ дар тадоввуми иддаоҳои сиёсии беасос ва иқдомоти ғайри қонунии худ зиддӣ Ҷумҳӯрии Исломии Эрон, ҳамкориҳои мутаорифи дифоъӣ ва низомии Эрон ва Русияро зери савол мебарад! Канъонӣ гуфт, корзори таблиғотии амрикоиҳо, ки мабнои он бар дурӯғпардози ва фаребкори қарор гирифтааст, бо аҳдофи мухталифе аз ҷумла эъмоли фишори сиёсӣ ба Эрон, доман задан ба Эронҳаросӣ ва сарпуш ниҳодан бар ҷангталабии худ сурат мегирад. Сухангӯи дастгоҳи дипламатии Эрон афзӯд, ҳамонгуна, ки борҳо эълом шуд, ҳамкориҳои Эрон ва Русия дар заминаҳоии мухталиф аз ҷумла ҳамкориҳои дифоъӣ, дар чорчӯби манофеъ ва масолеҳи муштарак ва мутобиқ ба ҳуқуқ ва таъаҳудоти байналмиллалии дукишвар дар ҳоли густариш аст ва зиддӣ ҳеч кишвари солисе нест. Канъонӣ таъкид кард, Ҷумҳӯрии Исломии Эрон мунтабиқ бо манофеъи миллии худ ва зимни риояти қавонин ва муқарароти байналмиллалӣ, дар танзими равобити хориҷии худ мустақилона амал карда ва аз касе иҷоза намегирад.
342/