Имрӯз 13 ҷимоди ул аввали 1444 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо ҳаштуми декабри 2022 ба ривояте солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с.а) духтари гиромии ҳазрати Муҳаммад (с), Паёмбари гиромии ислом ва ҳамсари ҳазрати Алӣ (раз.) аст.
Сартипи посдор Саидмуҳаммади Боқирзода, фармондеҳи Кумитаи ҷустуҷӯи мафқудони Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфт, пайкари поки ин шаҳидони воломақом дар манотиқи малаётии даврони дифои муқаддас дар маҳдӯдаи устонҳои Месон ва Басра дар ҷануби шарқи Ироқ кашф шудааст, ки аз тариқи оброҳи байналмилалии Арванд ва аз тариқи бандари Ободон вориди кишвар шуд.
Вай афзуд, пайкари шуҳадо марбӯт ба амалиётҳои Валфаҷри муқаддамотӣ, Валфаҷри як, Хайбар, Бадар, Карбалои панҷ, Байталмуқаддаси ҳафт ва такҳои душман дар соли 1988 аст, ки ба тозагӣ тафаҳҳус шудааст. Ба гуфтаи фармондеҳи Кумитаи ҷустуҷӯи мафқудони Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, пайкари ин шуҳадо пас аз интиқол ба Аҳвоз ва баргузории маросими видоъ ва хондани дуо, ба Теҳрон мунтақил хоҳанд шуд.
342/