Ин парвандаи чандмиллиятӣ дар ҳафдаҳумин кумитаи байналмилалии посдорӣ аз мероси номалмуси ЮНЕСКО, ки ин ҳафта дар шаҳри Работи Марокаш баргузор шудааст, баррасӣ шуд.
Донишу маҳорати бумии тавлиди абрешим дар Эрон дар соли 2017 дар феҳристи миллии мероси номалмус сабт шудааст ва акнун дар қолаби парвандаи чандмиллиятӣ дар ҳамкории муштараки Эрону Тоҷикистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Туркия, Туркманистон ва Узбакистон ба раъйи ЮНЕСКО гузошта шуд.
Бар асоси мадорику шавоҳиди таърихӣ, решаи нӯғондорӣ (парвариши пила) ва тавлиди абрешими дастбофт ба Чин бармегардад ва қидмати онро ба 2650-и қабл аз мелод нисбат додаанд. Шоҳроҳи Абрешим дар интиқоли ин донишу маҳорат ба кишварҳое, ки дар масири ин ҷода қарор доштанд, нақши босазое дошт. Эрон аз ҷумлаи кишварҳое буд, ки дар заминаи тавлиди пила ва абрешим дорои шуҳрати ҷаҳонӣ буд. Тавре, ки дар қарнҳои панҷуму шашуми мелодӣ, яъне давраи салтанати Сосониён ин санъат равнақи чашмгире дошт.
342/