23 Ноябр 2022 - 17:14
Сухангӯи Камисиюни амнияти миллии Маҷлис: Масири таъомул миёни Эрон ва Ожонс боз аст

Сухангӯи Камисиюни амнияти миллии Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон таъкид кард: Масири ҳаракат ва таъомул миёни Эрон ва Ожонс боз аст аммо иқдомоте монанди судури қатънома, ҳамкории Эрон ва Дабирхонаи Ожонсро тахриб мекунад.

Ба гузориши Садои Хуросон, Абулфазли Амуӣ дар хусуси қатъномаи ахири Шӯрои ҳуком бо баёни ин, ки иқдомоти ҷубронии Эрон ҳам қонуни ва ҳам дар вокуниш ба вокуниш ба иқдомоти тарафи муқобил аст, гуфт: Агар тарафи муқобил иқдомоти худро ба таври комил анҷом бидиҳад баъд аз ростиозмоӣ омода ҳастем, ки ба тааҳудотамон баргардем.

Амуӣ вокуниши тарафҳои ғарбӣ ва аврупоиро ба иқдомоти ҷубронии Эрон, ғайри мантиқи донист ва афзӯд: Аврупроиҳо аз маҷомеъи сиёсӣ аз ҷумла Шӯрои ҳукоми Ожонси байналмиллалии энергияи атомӣ суистифода мекунанд ва талош мекунад фишори сиёси бар Эронро афзоиш диҳанд.

Сухагӯи Камисиюни амнияттии милли Маҷлис, ҳамчунин гуфт: Қатъномаҳо иқдоми ғайри лозим ва мзир бар раванди ҳамкориҳои Эрон ва Ожонс аст ва ҳатман бо вокуниши Ҷуҳӯрии Исломии Эрон мувоҷеҳ хоҳанд шуд.

Амуӣ хотирнишон кард: Эрон иқдомоти сулҳомезро дар чорчӯби барномаҳои ҳастаии кишвар анҷом хоҳад дод, ки бозрасони онро ба Ожонс гузориш хоҳанд кард ва дар ин чорчӯб Ҷумҳӯрии Исломии Эрон вокуниши лозимаро ба қатънома нишон хоҳад дод.

342/