Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусейн Бечкалӣ дар ҳошияи ҳаштумин нишасти гуруҳи коршиносони маъдании кишварҳои узв дар гуфтугу бо хабаргузории донишҷӯёни Эрон ( ИСНА ) дар бораи нақши кишварҳои узви ЭКО дар хусӯси беобӣ ва хушксолӣ ба вижа хушкии Зояндаруд дар устони Исфаҳони Эрон изҳор кард : ЭКО ҳамвора ин мавзӯро мадди назар дода то дар мавриди он тасмимоту роҳкоре ироа шавад ва ба ҳамин манзур дар конфаронсҳои гуногун ҳузур меёбад .
Ҳаштумин иҷлоси коршиносони маъдании кишварҳои узви ЭКО ( созмони ҳамкории иқтисодӣ ) дар Исфаҳон бо ҳузури коршиносони ҳафт кишвари Покистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Узбекистон,Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳоли баргузорӣ аст .
342/