Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, муовини вазири фарҳангу иршоди исломӣ бо ҳузур дар Донишгоҳи миллии Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар Кулоб бо қадрдонӣ аз ҳусни меҳмоннавозии мардуми Кулоб ба пешинаи равобит ва решаи муштараки торихӣ ва тамаддунии ду кишвари дӯсту бародари Эрону Тоҷикистон ишора кард ва гуфт : Эрону Тоҷикистон дӯстони қадимии асри сахтиҳо ҳастанд, ки таърихи ин ду кишвар нишон медиҳад ҳамвора мавриди ҳамла,найранг, тавтеъаи душманон ва бегонагон будааст.
Солорӣ бо таъкид бар ин ки дӯстии ду миллати Тоҷикистону Эрон барои имрӯз ва дирӯз нест, балки решае ба умқи таърих дорад, тасреҳ кард : Дунё муддатҳост ки мо ду миллати ҳамзабон,ҳамфарҳанг ва ҳамтаъриху тамаддуни ҷудоӣ аз ҳам мехоҳад .
Вай хотирнишон кард : Таърих нишон медиҳад ки душманони мо ҳамвора дар паи тафриқаафканӣ, тавтеъаофаринӣ ва таъкид бар ҷудоӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон буда ва ҳастанд .
Муовини умӯри ҳунарии вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон идома дод : Агарчӣ чанд соле ба васвасаи тавтеъаи гарону тафриқаафканони фироқии миёни мо ва шумо афтод, аммо бо дирояту тадбири бузургони Эрону Тоҷикистон хушбахтона ин шикофи амиқу тавтеъаҳои бегонагон, имрӯз мунҷар ба наздикӣ ва дӯстӣ ҳарчӣ бештари ду кишвар шудааст .
Дар ин маросими вижа барномаҳое монанди Шоҳномахонӣ,шеърхонӣ ва мусиқӣ иҷро шуд .
342/