5 Ноябр 2022 - 21:19
Интиқоди Эрон аз вокуниш нишон надодани Шӯрои Амнияти Созмони Миллали Муттаҳид ба ҷинояти террористии Шероз

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт вокуниш нишон надодани бархе аз аъзои доими Шӯрои Амнияти Созмони Миллали Муттаҳид ба ҳодисаи террористии Шероз нишон дод, ки онҳо ҳануз террористҳоро ба хубу бад тақсим мекунанд .

Дар ҳамлаи мусаллаҳонаи чаҳоршанбеи 26 октябр ба Шоҳчароғ, ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Аҳмад ибни Мӯсо ( ъ ) дар шаҳри Шероз-маркази устони Форс дар ҷануби Эрон 13 нафар аз ҷумла 2 кӯдак шаҳид ва 30 нафар аз зоирон захмӣ шуданд .

Ин иқдоми террористӣ, ки ДИИШ масъӯлияти онро бар ӯҳда гирифт бо маҳкӯмияти Созмони Миллали Муттаҳид ва кишварҳои мухталифи ҷаҳон мувоҷеҳ шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умури хориҷаи Эрон дар номае ба Антонио Гутерриш-дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бо интиқод аз вокуниш нишони надодани Шӯрои Амнияти ин ниҳоди байналмиллалӣ ба ҳодисаи террористии Шероз таъкид кард :

Сукути ғайри қобили қабули Шӯрои Амният дар баробари ин ҳодисаи террористӣ нишон дод, ки бархе қудратҳо на танҳо ҳамчун гузашта ба истифодаи абзорӣ аз террористҳо идома медиҳанд, балки монеъе дар баробари анҷоми вазоифи муассири Шӯрои Амният дар муқобила бо тероризми байналмиллалӣ маҳсуб мешаванд .

Вазири умури хориҷаи Эрон дар номаи худ ба дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид, ки рунавишти он ба раиси давраии Шӯрои Амният ва ҳамчунин раиси маҷмаъи умумӣ ирсол шудааст, бо қадрдонӣ аз мавзеъгирии саривақтии сухангӯи Созмони Миллали Муттаҳид дар маҳкумияти ҳодисаи террористии Шероз тасреҳ кард :

Ин ҳамлаи террористӣ, ки ДИИШ расман масъӯлияти онро бар ӯҳда гирифт, ҳам арзиши рашодатҳои сардори сипаҳбуди шаҳид Қосими Сулаймонӣ дар мубориза бо ин гуруҳ ва тазмини амнияти кишварҳои минтақа дар баробари хатари онҳоро ба исбот расонад ва ҳам зарурати тадовуми талошҳои муассиру мустамари минтақаии байналмиллалӣ барои решакании комили онҳоро мавриди таъкид қарор медиҳад.


342/