Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, нахуствазири давлати наҷоти миллии Яман дар ин дидор аз фаъолиятҳои инсондӯстонаи Салиби Сурх ба вижа дар заминаи табодули асирону афроди захмӣ қадрдонӣ кард ва гуфт : Эътилофи мутаҷовизи саъӯдӣ аз тамоми имконоти моддӣ, дипломатӣ ва расонаӣ барои тадовуми ҷанги Яман ва фақирсозии мардуми он истифода мекунад .
Бин Ҳабтур таъкид кард ниёзҳои мардуми Яман ба хотири ҷангу муҳосира рӯ ба афзоиш аст .
Аз сӯи дигар мудири минтақаии кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх таъкид кард, ки Яман авлавияти Салиби Сурхи байналмиллалӣ ва пружаҳои башардӯстонаи он дар сатҳи ҷаҳонӣ аст .
Шоп афзуд : Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх пружаҳои ҷадидиро дар чорчӯби кумаки Созмони Миллал ва талошҳои башардӯстонаи байналмиллалӣ барои коҳиши ранҷи мардуми Яман дар натиҷаи ҷанг иҷро хоҳад кард .
Арабистон бо ҳимояти Амрико,Аморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст .
Ҷангафрӯзии Арабистону муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба куштаву захмӣ шудани садҳо ҳазор яманӣ ва оворагии 4 миллион нафар мунҷар шуда аст.
342/