Вазорати ҳамул нақли Қирғизистон рузи якшанбе бо интишори баёнияе эълом кард: Киварҳои Осиёи Марказӣ қасд доранд транзити колол бо Ҷумҳурии Исломии Эронро ба 20 миллион тонна дар сол афзоиш диҳанд.
Матни баёнияи аввалин иҷлоси ҳамкории транзитии Эрон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҳадафи рушди транзити тавассути аъзои ин иҷлос имзо шуд.
Ба далели аҳамияти ҳамкориҳои транзитии Русия, Ҷумҳуриҳои Қафқози ҷануби ва Осиёи Марказӣ бо кишварҳои ҷануб, ҷануби шарқии Осиё ва баракс аз масирҳои мутанавеъи Эрон беш аз ин ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба баргузории чунин нишастҳои иқдом карданд.
Дувумин нишасти шурои ҳамоҳангии кишварҳои ширкаткунанда барои эҷоди каридори иртиботии Осиёи Марказӣ ба обҳои гарм аз масири Эрон дар шаҳри Овозаи Туркманистон баргузор шуд.
Дар поёни ин нишаст намояндагони Эрон, Туркманистон, Узбакистон ва Қирғизистон протоколи пайвасти ниҳоӣ ва мувофиқатномаи эҷоди каридори ҳамлу нақл ва транзитии байналмиллалӣ мавсум ба мувофиқатномаи Ашқободро имзо карданд.
Бо иттихози сиёсатҳои ҷадиди иртиботи мақомоти Эрон, ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз пас аз қарнҳо интизор барои нахустин бор ин имконро ба даст оварданд то аз масири Эрон ба обҳои гарм ва озоди байналмиллалӣ дастрасии худро осон кунанд.
Бо иҷроишудани комили масирҳои транзитии Эрон ва иҷрои тавофуқномаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Эрон ин кишварҳо масири махсус ба манзури тиҷорат бо ҷаҳони хориҷ ба даст хоҳад овард, бетардид итисол ва иртибот бо долони байналмиллалии шимол-ҷануб танҳо яке аз ин масирҳои иртиботии арзишманд барои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ талақи мешавад.