Дар дуюмин рӯз аз даҳумин иҷлоси расмии давраи панҷуми Маҷлиси Хубрагони Раҳбарӣ, аъзои ин маҷлис бо ҳузур дар марқади мутаҳҳари бунёнгузори кабири Инқилоби Исломӣ бо ормонҳои ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ.) таҷдиди мисоқ карданд.
Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умӯри хориҷаи Эрон дар дуюмин рӯз аз ин иҷлос, дар хусӯси охирин раванди музокироти лағви таҳримҳо, музокира бо ҳамсоягон ва иртибототи дуҷониба бо кишварҳо гузоришеро ба аъзои Маҷлиси Хубрагони Раҳбарӣ ироа мекунад.
Даҳумин иҷлоси расмии давраи панҷуми Маҷлиси Хубрагони Раҳбарӣ, асри имрӯз (чаҳоршанбе) бо қироъати баёнияи поёнӣ ба кори худ хотима хоҳад дод.
Аъзои Маҷлиси Хубрагони Раҳбарӣ фардо (панҷшанбе) низ бо раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дидор хоҳанд кард.
342/