10 Май 2022 - 14:57
Таҳлил: Чаро Исроил ба оддисозии равобити кишварҳои арабӣ ба чашми фариштаи наҷот нигоҳ мекунад?

Ҳар бор, ки давлати саҳюнистӣ дар тангнои шадиди дохилӣ ва минтақаӣ қарор мегирад ва ба хусӯс тавони он дар эҷод ва барқарории амният зери савол меравад билофосила ин режим ба ҳар баҳонае оддисозии равобит бо бархе аз кишварҳои арабиро пеш мекашад ва аз ин тариқ мехоҳад ҳам худро аз зери пои фаршҳо хориҷ кунад ва ҳам инки вонамуд созад танҳо нест ва чанд давлатро дар канори худ дорад.

ABNA24 : Ин ба ин маъност, ки ин режим ба оддисозии равобити ин даста аз кишварҳо бо худ  ба монанди фариштаи наҷот нигоҳ мекунад ва ин кишварҳо дар ҳамон ҳоле, ки  бузургтарин хиёнатро дар ҳаққи мардуми Фаластин муртакиб шудаанд, бузургтарин хидматро ба ин режим кардаанд. Ин равия аз замони Натанёҳу оғоз шудааст ва дар давраи ҳокимияти эътилофи шиканандаи Лапид-Беннет идома ёфта  ва дар ии муддат ҳар як аз ду ҷиноҳи рақиб кушидаанд оддисозии равобит бо  кишварҳои  арабиро ба унвони муваффақият дар корномаи худ ба сабт  бирасонанд.

Дар ин росто баъд аз он, ки нотавонии эътилофи Лапед-Беннет дар барқарори амният ва суботи дохили мушахас шуд ва Фаластиниҳо беш аз 6 амалиёти зидди исроилиро бо муваффақият он ҳам дар  дохили  Ирози ишғолӣ соли 1948 мавсум ба Исроил иҷро карданд, ва аз дигар тараф дар паи истемрори ҷанг дар Украина ва ташдиди таниш дар равобит миёни Русия ва Исроил, хабарҳое дар бораи тақвияти ҳузӯри Эрон дар Сурия мунташир шуд, билофосила чанд хабар дар бораи оддисозии равобити миёни Исроил ва бархе аз кишварҳои арабӣ мунташир шуд, ки ба назар мерасад интишори ин хабарҳо ҳадафи илқоии танҳо набудани ин режим дар минтақа ва гарм будани пушти он ба ин кишварҳо мунташир шудаст.

Дар ин росто нашрияи Исроил Ҳаём хабари чанд ҳафта пеши Вазорати дифоъи ин режим мабни бар афзоиши фурӯши  таслиҳот 11 миллиарду 300 миллион доллари ба саросари ҷаҳон аз ҷумла ба кишварҳои арабии навсозишкор бознашр дод ва таи он кушид таслиҳоти исроилиро бо муштариёне дар миқёси ҷаҳон ба хусӯс дар заминаи созмонҳои дифои мушакӣ муарифӣ кунад ва чунин вонамуд созад, ки кишварҳои арабии навсозишкор ҳам шифтаи ин масъала шудаанд.

  • Аммо чанд нукта ва воқеъиятро ин рӯзномаи исроилӣ ба амд чашмпӯшӣ кард:

Нахуст инки агар сомонаҳои дифоии мушакии ин режим ингӯна аст, ки то ҳоли ҳозир  таблиғ шуда, пас чаро натавонистанд аз паси ҳамалоти мушакии фаластинӣ бароянд? Оё тавони мушакии фаластиниҳо то ин андоза пешрафт кардааст  ё инки  дар тавон ва қудрати сомонаҳои дифои ва мушакии Исроил беш аз андоза муболиға шудааст?

Дуввум инки Исроил ҳам барои бозорёбии таслиҳоти худ  ва ҳам барои тақвияти ҳузӯри худ дар манотиқи даргир ба амд ба ташдиди бӯҳронҳо ва ҳатто ҷангҳо доман мезанад. Шохисҳои зиёде дар ин замина вуҷӯд дорад. Таҷзияи Судон боис шуд Исроил битавонаи ҷои пои худро дар ҳавзаи Нил муҳкам кунад, ҷанги Яман боис  шуд кишварҳои мутаҷовиз бо раҳбарии Арабистон ва Иморот дар шароити  мушобеҳи Исроил қарор гиранд ва дар ниҳоят боби оддисозии равобитро бо ин режим он ҳам бо давр задани масъалаи Фаластин бикушоянд, ҷанги Қарабоғ сабаб шуд ин режим ҳам ҳузӯри бештаре дар ҷанубӣ Қафқоз пайдо кунад ва ҳам инки ҷумӯрии Озарбойҷонро ба яке аз муштариёни таслиҳотии худ табдил кунад.  Пружаи Эронҳаросӣ сабаб шуд пои ин режим ба ҳавзви Халиҷи Форс боз шавад ва дар канори фурӯши таслиҳот, имкони нуфӯз дар сервисҳои иттилоотӣ, амниятӣ ва низомии бархе аз ин кишварҳоро пайдо кунад. Ин бадин маъно аст, ки ҳамкориҳои таслиҳотӣ ва амниятӣ ва низомии ин кишварҳо бо режими саҳюнистӣ бар хилофи ончӣ, ки дар зоҳир гуфта намешавад натанҳо наметавонанд барои ин кишварҳо амният ва субот ба бор биёваранд балки дурӯст бар акс метавонад амнияти инҳоро ба хатар биандозад чаро, ки ин режим ба воситаи нуфӯз имкони бештаре барои таъқиби сиёсист "тафриқа биандоз ва ҳукумат кун"-ро пайдо хоҳад кард ва ин воқеъияте аст, ки кишварҳои арабии навсозишкор аз он ғафлат кардаанд.

Ҳамчунон, ки дар гузашта харидҳои таслиҳоти, амният ва сӯбот барои минтақа ба бор наоварда ва танҳо боис шудааст миллиардҳо доллар аз сармояи кишварҳои минтақа, ки метавонист сарфи тавсиаи дохилӣ ва минтақаӣ шавад, ба ҷеби фурӯшандагони силоҳ дар Ғарб биравад, акнӯн низ харидҳои таслиҳот аз Исроил ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад амниятро баро ин кишварҳо ба армӯғон биоварад чаро, ки харидҳои таслиҳоти амниятро аз байн мебарад зимни инки Исроил ба ноамнӣ бесуботӣ ва бӯҳрон ва ҷанг ба унвони фурсате барои фурӯши силоҳ ва тақвияти ҳузӯри худ нигоҳ мекунад ва ба он доман зада ва мезанад ва розӣ инки кишварҳо дар ҳар гӯша  ва канори ҷаҳон ба муштарии таслиҳотии Исроил табдил шудаанд, дар ин нукта ва воқеъият нуҳуфта аст.

342/