Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Эрон Пресс, Маҳдии Сафарӣ бо таъкид бар зарурати талоши ҳамаи ниҳодҳои зеррабт барои кумак ба муарифӣ ва арзаи ҳарчи беҳтари дастовардҳо ва тавоноиҳои тавлид кунандагони эронӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ ба вижа кишварҳои ҳамсоя ва минтақа, баргузории намоишгоҳои ихтисосиро барои расидан ба ин ҳадафи бисёр муҳим ва муасир арзёбӣ кард.
- Муовини дипламатии иқтисодии Вазорати умури хориҷа баргузории намоишгоҳ, ироаи дастовардҳои тавлид кунадагон ва санъатгарони эронӣ дар Тошканд пойтахти Узбакистонро муҳим тавсиф кард.
Маҳдии Сафарӣ аз фаъолони ин арса хост то бо таваҷҷӯҳ ба зарфият ва иқболи хуби бозорҳои кишварҳои минтақа ба маҳсӯлоти бо кайфияти эронӣ, талоши худро барои баргузории ин гӯна намоишгоҳое, ки аз ҳимояти қотеъи Вазорати умур хориҷа бархурдор ҳастанд, музоаф намоянд.
Намоишгоҳи дастовардҳои тавлид кунандагони эронӣ дар Узбакистон 19 то 21 урдубиҳишти 1401 баргузор мешавад.
342/