14 Апрел 2022 - 14:25
Раҳмон сафарашро ба вилояти Суғд аз ифтитоҳи корхонаи "ТАЛКО Голд" оғоз кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар оғози сафари кориаш ба вилояти Суғд нахуст корхонаи маъдантозакунии корхонаи “ТАЛКО.

Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар додааст, Эмомалӣ Рамҳмон роҳбари Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба вилояти.

Таъкид шудааст, ки сафари кории Президент аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид.
Нахуст раисҷумҳур ҳамроҳ бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар мавзеъ Кончочи ноҳияи Айнӣ корхонаи маъдантозакунии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд”-ро ифтитоҳ кард.


  • Иттилоъ дода шудааст, ки дар корхонаи “ТАЛКО Голд” дар асоси лоиҳа ва нақшаи тарҳрезигардида ғанисозии маъдан бо усули флотатсиякунонӣ дар як шабонарӯз 5 ҳазор тонна ва солона 1,5 миллион тоннаро ташкил медиҳад.

  • “Дар ҳамин замина ҳаҷми истеҳсоли солонаи фулузоти тилло 2,2 тонна ва сурма 21 ҳазор тоннаро дар бар мегирад”, - хабар додааст манбаъ.

  • Барои ба кор даровардани корхона аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ширкати Алюминийи Тоҷик” ва Ҷамъияти саҳомии “Тибет Хуаюй” 136 миллион доллари амрикоӣ харҷ гардида, истихроҷу ғанисозии маъдан бо истифода аз техника ва технологияи муосири ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон сурат мегирад.
  • Манбаъ илова кардааст, ки аксари кормандонро ин корхонаи навро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.

Таъкид гардид, ки дар ин корхона истихроҷи маъдан тариқи коркарди зеризаминӣ ва тарзи кушод сурат мегирад. То имрӯз барои истихроҷи тилло ва сурма зиёда аз 25 ҳазор метр нақб канда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонӣ дар ин корхонаи бузурги саноатӣ бо иштироки Президенти кишвар 24 июни соли 2018 оғоз гардида буд.

342/