27 Феврал 2022 - 11:26
Андак эрониёни боқимонда дар Киев дар манотиқи амн искон ёфтаанд

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт : Теъдоди каме аз эрониён дар Киев боқӣ мондаанд, ки дар манотиқи амн искон дода шудаанд.

ABNA24 – Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саиди Хатибзода дар бораи вазъияти эрониёни ҳозир дар Украина афзуд : То ба ин лаҳза мушкиле гузориш нашудааст, зимни инки ба далели шароити амниятии Украина ( ҳукумати низомӣ ) имкони хориҷ кардани ҳамаи эрониён вуҷуд надорад. 

  • Хатибзода тасреҳ кард : Шароит дар Украина ба шакли фавқулодае пеш меравад ва дар марҳилаи аввал талош шудааст донишҷӯёну эрониёни муқим аз шаҳрҳои пурхатар дур шаванд.
  • Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон марҳилаи дувумро интиқоли эрониён ба марзҳои ғарбии Украина унвон кард ва афзуд : Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон талош кард аз тариқи роҳи оҳан ва масирҳои дигар донишҷӯёну эрониёни муқимро хориҷ кунад ва мошинҳову имконоти истифода ҳам дар ихтиёри донишҷӯёну эрониёни муқим қарор гирифт .
  • Хатибзода тасреҳ кард : Бо ҳамоҳангии сафорати Эрон дар Киев беш аз 200 донишҷӯи эронӣ бо қатор ба марзҳои ғарбӣ фиристода шуданд.

342/