ABNA24 – Ба гузориши сомонаи Маҷмаи ҷаҳонии аҳли байт (а), Оятуллоҳ Ризо Рамазонӣ, дабири кулли Маҷмаи ҷаҳонии аҳли байт (а) дар дидор бо Саидшамшод Ҳусайни Разавӣ, раиси Созмони уламои имомияи Шенген ба лузӯми дараки саҳиҳи мактаби аҳли байт (а) ишора кард ва гуфт: “фарҳанги аҳли байт (а) ҳар ҷо шинохта шавад, муштоқ ва алоқаманд пайдо мекунад”.
Вай афзуд: Эҳёи амри аҳли байт (а) зинда нигаҳи доштану тарвиҷи маорифи эшон аст.
Оятуллоҳ Ризо Рамазонӣ ҳамчунин гуфт: Эрони исломӣ ормонҳои бузурге дорад ва корҳои бузурге анҷом медиҳад.
Саидшамшод Ҳусайни Разавӣ низ дар ин дидор гузорише аз фаъолиятҳои маркази тавҳиди исломӣ дар Норвегияро ироа кард ва ба баргузории маросимҳои динӣ ва эътикоф, тарҷумаи китобҳои исломӣ, интишори маҷаллот ва китобҳое барои радаҳои синнии мухталифу ироаи хадамоти динӣ дар ин марказ ишора кард.
Мақари Созмони уламои имомияи кишварҳои узви шнгн дар Осло, пойтахти Норвегия қарор дорад.
342/