ABNA24 – Ба гузориши шабакаи хабарии “Алолам”, амири дарёдор Шаҳроми Эронӣ, фармондеҳи Неруи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи якшанбе дар дидори капитан Симлой, вобастаи низомии Ҳинд дар Эрон бо ишора ба мазоёии густариши ҳамкориҳои низомии муштараки ду кишвар афзуд: Ҳамкории низомии Эрон ва Ҳинд аз авомили аслии густариши равобит дар ҳавзаҳои мухталиф аст.
Капитан Симлой низ бо ишора ба пешрафти чашмгири равобити миёни ду кишвари Эрон ва Ҳинд гуфт: Неруи дарёии Ҳинд омодагии ҳузур дар тамомии барномаҳову маросимҳои таъйиншуда аз самти Неруи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эронро дорад.
Неруи дарёии роҳбурдии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон дар солҳои ахир бо муҷаҳҳаз шудан ба анвои шиноварҳои бумии ҷадид, иборат аз шиноварҳои сатҳӣ ва зерсатҳӣ, ба қудрати дарёии бузурге дар ҳавзаи халиҷи Форс ва шимоли уқёнуси Ҳинд табдил шудааст.
342/