2 Феврал 2022 - 19:30
Ибтикори ҷолиби ду зани афғонистонӣ дар Албания барои кумак ба паноҳҷӯёни афғон

Ду зани афғонистонӣ ресторани ғизои маҳаллӣ дар Албания роҳандозӣ карданд.

ABNA24 – Ба гузориши “Алҷазира” ду зани муҳоҷири афғон дар шаҳре дар Албания ресторане ифтитоҳ карданд ва дар он дар талош ҳастанд ба муҳоҷирон кумак кунанд то бо сарфи ғизоҳои Афғонистон, дурӣ аз ватанро эҳсос накунанд.

Ресторани маҳаллии афғонӣ дар Албания бо номи “Ғизои афғонӣ” ифтитоҳ шуд.

Ин ресторанро Ҳасиба Аткапол, хабарнигори пешини афғонистонӣ ва Нигина, додситони пешини вилояти Ғӯр дар Албания роҳандозӣ карданд.

Ҳасиба гуфт, вақте бо соҳиби ресторан дар бораи идеяи таҳияи ғизои афғонӣ суҳбат кардем, ӯ ҳатто бидуни тақозои кироя, гӯшае аз ресторани худро дар ихтиёри мо гузошт.

Ҳасиба афзуд, дар ресторан анвои ғизоҳои афғонӣ монанди Қобули палав, Бодимҷони бӯронӣ, Лӯбиё ва нони хушк таҳия мешавад.

Ӯ гуфт, монанди Афғонистон ҳар ваъдаи ғизоӣ бо нони хушк сарф мешавад.

Ӯ гуфт: Мо мехостем коре кунем, ки лабханд бар лабони ҳамватанонамон биоварем.

Ҳасиба баён кард, пас аз роҳандозии ин ресторан, бисёре аз шаҳрвандони Албания низ алоқаманди хурдани ғизои афғонӣ шудаанд.

342/