ABNA24 – Ба гузориши Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон, иддаои Прайс дар ҳоле матраҳ шудааст, ки Амрико як сол пас аз оғози иҷрои БарҶом коршиканӣ ва бадаҳдиҳои худро дар қиболи ин тавофуқи ҳастаӣ оғоз карда ва дар соли 2018 ба таври ғайриқонунӣ аз БарҶом хориҷ шудааст.
Даври ҳаштуми музокироти рафъи таҳримҳо аз 27 декабри 2021 оғоз шудаву музокиракунандагон саргарми табдили идеяҳо ба калимот ва ҷумалот ҳастанд.
Ростиозмоии лағви таҳримҳо ва ироаи тазминҳое, ки Эрон бар он таъкид дорад, ду мавзуи муҳим дар раванди музокироти Вена аст.
Дар ҳоле ки Русия ва Чин аз хостаҳои мантиқии Эрон дар музокирот ҳимоят мекунанд, гуфта мешавад, ки ғарбиҳо дар мизи музокира доимо рӯйкарди мутағайиреро дар пеш гирифтаву таҷдиди назар дар пешрафтҳои ҳосилшударо талаб мекунанд.
342/